Тафсири Сураи Буруч Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Буруҷ Ояти 18
فِرۡعَوۡنَ وَثَمُوۡدَؕ ١٨
Фиръавна ва самуд. 18.
18. Ки Фиръавн ва Самуд мебошанд?
Эй Муҳаммад (с)! Оё ба ту хабари лашкарҳои Фиръавну Самуд, ки ба рӯйи онҳо ҳама дари неъматҳоро кушода будем, наомадааст? Оре! Онҳо шукри неъматҳоро ба ҷо наоварданд, аз фармудаи Худои муттаъол саркашӣ карданд ва оқибат ба азобҳои шадид гирифтор гаштанд. Оё ҳеҷ нафаре пайдо шуд, ки дасти ёрӣ ба онҳо дароз кунад ва онҳоро аз азоби ба сарашон омада наҷот диҳад? Албатта, не!
Дар хабар аст, ки рӯзе ҳазрати Муҳаммад (с) бар зане гузашт, ки ин ду оятро мехонад: “Оё бар ту хабару қиссаи лашкариёни Фиръавн ва Самуд наомада буд?” Расулаллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Оре, хабари онҳо аз ҷониби Парвардигор дар ҳақиқат бар ман омадааст”. Ин оятҳо барои Расули Худо (с.) тасаллӣ буд, то ки аз қавми саркаш дилгир нашавад. Зеро онҳо низ ба ҷазои кирдори худ дар ин дунёву дар охират гирифтор хоҳанд шуд. Қиссаи Фиръавн ва Самуд дар сураи “Фаҷр” шарҳ дода шудааст, ба он нигаред.
Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «