Тафсири Сураи Буруч Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Буруҷ Ояти 19
بَلِ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا فِىۡ تَكۡذِيۡبٍۙ ١٩
Бали-л-лазӣна кафару фӣ такзӣб. 19.
19. Балки ононе ки куфрро ихтиёр карданд, ба дурӯғ (гуфтан) мепардозанд.
Яъне одати шахсони кофир чунин аст, ки аз воқеъаҳое, ки бар сари қавмони гузашта пайдо шуда буд, ҳеҷ ибрате намегиранд ва аз азоби илоҳӣ наметарсанд, балки Қуръон ва баёни онро, ки бисёр азиму шариф аст, дурӯғ меҳисобанд, ки ин бисёр куфру саркашии сахт аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «