Сураи Буруҷ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ Ояти 3

وَشَاهِدٍ وَّمَشۡهُوۡدٍؕ ٣

Ва шаҳиди-в ва машҳуд. 3.

3. Ва қасам ба гувоҳ ва он чи ба он гувоҳӣ дода шудааст, (қасам ба рӯзе, ки шоҳид мешавад (рӯзи ҷумъа) ва қасам ба рӯзе, ки барои он ҳозир мешаванд (рӯзи арафа),

Кист шоҳид ва машҳуд, ки Худованд ба онҳо қасам хӯрдааст?

Дар ин бора ихтилофи бисёр аст. Аҳли тафсир то 16-ривоятро дар шарҳи ин оят ёд кардаанд. ба таври хеле мухтасар аз рӯйи ақидаи муфассирон ояти каримаро шарҳ медиҳем:

1) шоҳид паёмбарҳо, машҳуд умматони паёмбарон,

2) шоҳид рӯзи ҷумъа, машҳуд рӯзи арафа,

3) шоҳид Муҳаммад (с), машҳуд рӯзи қиёмат,

4) шоҳид Аллоҳтаъоло, машҳуд бандагони Худо ва монанди ин. Аксари ривоёт ба ин мазмунанд, ки шоҳид рӯзи ҷумъа ва машҳуд рӯзи арафа мебошад. Худо донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Буруҷ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Буруҷ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)