Сеҳри рақами 99

0

Ҳамаи ададҳои дурақамаро бо баръакси худ аввал тарҳ ва баъд бо баръакси худ ҷамъ намоем, ҳосили он 99 мешавад. Масалан, аз адади 43 баръаксаш 34-ро тарҳ намоем, 09 мешавад, ки баръакси 09 ин 90 аст. Онҳоро ҷамъ мекунем, 99 мешавад. Ё ки баръакси рақами 72 ин 27 аст. Аз 72 бисту ҳафтро тарҳ кунем, 45 мешавад, баръакси 45, яъне 54-ро ҷамъ кунем, 99 мешавад. Ва ҳамин тавр ҳамаи рақамҳоро бинед, ба шарте ки дурақамаҳо якхела, яъне 11, 22, 33, 44 ва ғайра набошанд.


Дурақамаҳо байни худ бо тартиби хос 99 мешаванд: 11+88, 22+77, 33+66, 44+55.


Ҳеҷ риёзидоне сабаби онро муайян карда наметавонад, ки чаро баръакси рақам дар натиҷаи тарҳу ҷамъ 99 мешавад. Чаро 99 ва чаро ягон рақами дигар не? Ин тасодуф аст? Ё рақами 99 ягон сеҳр дорад?


Манбаъ: “Забони тоҷикӣ”, Исматов С., Қурбонов С., Душанбе – 2016. 

Мақолаи қаблӣ11 факти ҷолиб дар бораи Амрико
Мақолаи баъдӣ12 маълумоти аҷиби Туркия

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед