Марде бо мақсади омӯзиши макрҳои зан ба сафар баромад. Ӯ барои ин кор сию се соли умрашро сарф кард. Вай ҳар диёре, ки мерафт бо бузургони онҷо суҳбат намуда фикру ақидаҳои онҳоро дар ин бора менавишт. Замоне, ки кораш ба анҷом расид, мард ба Ватанаш баргаштани шуд. Дар роҳ ӯ ба деҳе расид. Шахсе аз он деҳа он мардро ба хонааш бурд ва худ бо зарурате аз хона берун шуд.
Ин мард дари сандуқеро бикушод ва ҳамаи навиштаҷотҳои худро ҷобаҷо карданӣ шуд.
Соҳибхоназан бисёр зани зебо буд. Вай ҳамаи коғазҳоро дида пурсид:
– Ин коғазҳо дар бораи чӣ ҳастанд?
Гуфт:
– Дар ин коғазҳо тамоми макрҳои занҳо сабт шудаанд.
– Оё ҳамаи макрҳои занҳоро навишта азбар кардаӣ? – боз пурсид зан.
– Бале – ҷавоб дод ӯ.
Зан чун ин сухан бишнид, беқарор шуд ва ба макр даромаду мардро аз роҳ берун кардани шуд ва кард ҳам. Ҳарду ба хонаи танҳо монданд. Мард ҳамин, ки ба вай наздик омад зан бо тамоми овоз фарёд зада гуфт:
О мардум! Маро аз дасти ин мард раҳо кунед!
Мард аз ин ҳолати нобаҳангом сахт битарсид ва аз ҳуш рафт. Мардум давон ҳама вориди хона шуданд. Зан ба мардум гуфт:
Шавҳри ман ҳар рӯз як бенаво ё мусофиреро ба хона меораду ба ман амр мекунад, ки то омадани ман шиками меҳмонро сер намо ва худ ба кор меравад. Ин мусофир бениҳоят гушна будааст. Худи ҳозир устухоне дар гулӯяш даргузашт.
Мардум ба ӯ об пошиданд вай ба ҳуш омада чашмҳояшрр боз кард. Мардум ба ӯ гуфтанд:
-Меҳмон, ҳеҷ кас луқмаи шуморо аз даҳонатон кашида намегирад. Дар хӯрдан шитоб накунед. – гуфта рафтанд.
Чун дар хона касе намонд, зан ба ӯ гуфт:
– Оё ин макрро медонистӣ? Оё чунин макр дар китобҳои ту навишта шудагӣ набуд?
Мард гуфт:
– Ба Худо қасам, ман дигар дар ин баҳр шино намекунам. Ман фаҳмидам, ки ҳеҷ яке аз офаридаҳои Худо аз макр бо шумо баробар шуда наметавонистааст.
Он мард бархост ва ҳамаи навиштаҷотҳои худро оташ зад.
Мазмун аз “”Синдбоднома” – и Муҳаммад Заҳирии Самарқандӣ