Чаро милисахоро мент мегуянд? Ҷавоб ба ин савол дар ин мақолаи мо >>

«Мент» калимаи венгерист, маъниаш «плаш – накидка» аст. Он тавассути Полша ба Русия «роҳ» ёфтааст. Плаш-або (либоси васеи беостини рӯ), накидка – китфпӯшак (либоси беостин)-ро мефаҳмонад.
Гап дар ин, ки пулисҳои империяи Австро-Венгрия чунин китфпӯшакҳои беостин ба бар мекарданд, аз ин рӯ, онҳоро «мент» меномиданд.
Дар Полша на ҳамаи пулисҳо, балки танҳо назоратчиёни маҳбасхонаҳоро «мент» мегуфтанд. Либоси расмии онҳо аз китфпӯшакҳо (як навъ байни пиҷаку палто) бо якчанд қатор тугма иборат буд.
Дар Русияи то оғози асри гузашта китфпӯшакҳо пӯшоки расмии жандармерия (қӯшуни махсуси пулис) ва пулисҳо маҳсуб меёфт.
Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон кулли кормандони мақомоти дохилиро «мент» мегуфтагӣ шуданд.


