Олимони соҳаи тиб исбот намуданд, ки чойи сабз ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Он ҳангоми гирифторӣ ба бемории қанд, фишорбаландӣ шифобахш буда, дандонро аз пӯсидан ва аз микробҳо эмин нигоҳ медорад (Чойи кабуд барои давлений).

Инчунин, ба кас осудагӣ бахшида, дар фасли зимистон масунияти инсонро бар зидди беморӣ пурқувват месозад. Оксидшавии равғани баданро низ суст карда, хусусиятҳои гуногуни табобатӣ дорад. Хавфи гирифторшавӣ ба бемории саратон ва таъсири зараровари сигорро коҳиш медиҳад.
Чойи сабз дар таркибаш полифенол дошта, таъсири радикалҳои озодро, ки боиси корношоямии КДН (ДНА), тағйироти хусусияти ирсии организм ва ташаккули ҳуҷайраҳои саратон мегардад, кам мекунад. Фишори хун, сатҳи холестерин ва равғаннокиро паст карда, барои кори муътадили қалб кумак мерасонад.


