Чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат (шарҳи Чоркитоб). Чахор мазхаби фикхии ахли суннат (шарҳи Чоркитоб).
Аҳли суннат ва ҷамоъат дар масъалаҳои эътиқодӣ, ки тавқифӣ мебошанд иттифоқ доранд, вале аз чанд ҷиҳат дар масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ ба чаҳор шоха тақсим шудаанд ва бо номи ҳанафиҳо, моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо шинохта мешаванд.
Дар баъзе чунин масъалаҳо ҳамназаранд ва дар баъзе дигараш назарҳо ва фатвоҳои мухталиф ва мухолиф доранд. Аксари ин ихтилофҳои онҳо дар масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ аз ихтилофи асҳоби киром дар чунин масъалаҳо сар задааст ва барои равшан шудан чанд нуктаи муҳимро дар ин мавзӯъ ёдоварӣ мекунем:
1- Пайғамбар (с) асҳоби киромро барои иҷтиҳод кардан ташвиқ ва тарғиб кард ва ин ҳам дар ҳолате хӯб хабардор буданд, ки натиҷаи иҷтиҳод метавонад мухталиф бошад. Чуноне дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” мефармояд:
“وفي صحيح البخاري – 9 / 108: عَنْ عَمْرِو بْنِ العَاصِ، أَنَّهُ سَمِعَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «إِذَا حَكَمَ الحَاكِمُ فَاجْتَهَدَ ثُمَّ أَصَابَ فَلَهُ أَجْرَانِ، وَإِذَا حَكَمَ فَاجْتَهَدَ ثُمَّ أَخْطَأَ فَلَهُ أَجْرٌ»
“Ҳар вақто ҳокиме иҷтиҳод бикунад ва дар асоси он ҳукме барорад ва он ҳукми кардааш дуруст бошад, ду савоб мегирад, вале агар иҷтиҳод бикунад ва дар асоси он ҳукме барорад ва он ҳукми кардааш дуруст набошад, як савоб мегирад”.
2-Пайғамбар (с) дар масъалаи фиқҳии иҷтиҳодӣ амали мухталифро аз асҳоби киром пазируфтааст. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар (р-з) чунин ривоят кардааст:
“وفي صحيح البخاري- 2 / 15:عَنِ ابْنِ عُمَرَ،قَالَ:قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَنَا لَمَّا رَجَعَ مِنَ الأَحْزَابِ :«لاَ يُصَلِّيَنَّ أَحَدٌ العَصْرَ إِلَّا فِي بَنِي قُرَيْظَةَ» فَأَدْرَكَ بَعْضَهُمُ العَصْرُ فِي الطَّرِيقِ، فَقَالَ بَعْضُهُمْ:لاَ نُصَلِّي حَتَّى نَأْتِيَهَا، وَقَالَ بَعْضُهُمْ: بَلْ نُصَلِّي، لَمْ يُرَدْ مِنَّا ذَلِكَ، فَذُكِرَ لِلنَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَلَمْ يُعَنِّفْ وَاحِدًا مِنْهُمْ”.
“Пайғамбар (с) баъди баргаштанаш аз ҷанги “Аҳзоб” ба мо чунин гуфт:”Ҳеҷ касе намози асрро нагузорад, магар дар мантақаи Бани Қурайза”. Ҳангоми ба ҷониби Бани Қурайза равон буданашон вақти намози аср фаро расид ва саҳобагон дар мавриди гузоридани намоз ихтилоф кардаанд. Баъзеҳояшон гуфтанд, то дар Бани Қрайза нарасем намози асрро намегузорем ва баъзе дигар саҳобагон дар роҳ намози асрро гузориданд ва гуфтанд, ки аз мо нагузоридани намоз дар вақташ хоста нашудааст.
Баъдан аз ин ихтилоф Пайғамбар (с)-ро хабардор карданд ва он ҳазрат ҳеҷ кадомашонро маломат накард”.
3- Асҳоби киром иҷтиҳод мекарданд ва дар чунин масъалаҳо дар байнашон ихтилоф сар мезад ва ҳангоме далели дуруст будани амали худашонро ба Пайғамбар (с) баён мекарданд, ба нишони дуруст буданаш чизе намегуфт. Дар ривояти “Сунани Абудовуди Сиҷистонӣ” бо санади саҳеҳ саҳобии бузургвор Амр ибни Ос разияллоҳу анҳу дар мавриди ба ҷои ғусл таямум кардан ва намоз хонданаш, ки сабаби ихтилофи назарҳо дар байни асҳоби киром гардида буд, чунин гуфтааст:
“وفي سنن أبي داود- 1 / 92:عَنْ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ قَالَ:احْتَلَمْتُ فِي لَيْلَةٍ بَارِدَةٍ فِي غَزْوَةِ ذَاتِ السُّلَاسِلِ فَأَشْفَقْتُ إِنِ اغْتَسَلْتُ أَنْ أَهْلِكَ فَتَيَمَّمْتُ، ثُمَّ صَلَّيْتُ بِأَصْحَابِي الصُّبْحَ فَذَكَرُوا ذَلِكَ لِلنَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ:«يَا عَمْرُو صَلَّيْتَ بِأَصْحَابِكَ وَأَنْتَ جُنُبٌ؟»فَأَخْبَرْتُهُ بِالَّذِي مَنَعَنِي مِنَ الِاغْتِسَالِ وَقُلْتُ إِنِّي سَمِعْتُ اللَّهَ يَقُولُ: {وَلَا تَقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا}(النساء: 29) فَضَحِكَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَلَمْ يَقُلْ شَيْئًا”. (وحكم المحقق: صحيح).
“Дар яке аз шабҳои сарди “Ҷанги зоти салосил” иҳтилом шудам (фуруди манӣ ҳангоми хоб) ва хавф бурдам, ки агар ғусл бикунам аз сардӣ ҳалок мешавам. Дар натиҷа таямум кардам ва намози бомдодро имоматӣ кардам. Ҳангоме бо таямум намоз хондани манро ба Пайғамбар (с) хабар доданд ба ман гуфт: Эй Амр дар ҳоли ҷунуб буданат имоматӣ кардӣ? Ман ба Пайғамбар (с) иллати таямум карданамро хабар кардам ва гуфтам: Ман шунидам, ки Аллоҳ Таоло (дар ояи 29 сураи “Нисо”) чунин гуфтааст:”Ва хештанро макушед! Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба шумо Меҳрубон аст”. Пайғамбар (с) хандид ва чизе нагуфт”.
Чуноне қаблан зикр кардаем аҳли суннат ва ҷамоъат пайравони касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло барояшон қадам задан дар роҳи ростро инъом ва насиб кардааст ва аз ҷумлаи ин ашхоси инъомшуда асҳоби киром мебошанд. Маншаи ихтилофи дар байни чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат дар масъалаҳои фиқҳии иҷтиҳодӣ аз ихтилофи назари дар байни асҳоби киром аст. Пас агар чунин ихтилофи асоси шаръӣ дошта ба асҳоби киром зарар накардааст, ба пайравони онҳо низ зарар нахоҳад кард. Мо барои равшан шудани масъала чанд мисоле аз “Сунани Тирмизӣ” меорем:
Саҳобагон дар кайфияти таямум ихтилофи назар доранд ва баъзеҳояшон мегӯянд: ҳангоми таямум то банди даст дастонро масҳ кашида мешавад ва баъзе дигарашон то оринҷ масҳ кашиданро гуфтаанд. Ин мавзӯъро Имом Тирмизӣ чунин баён кардааст:
“وفي سنن الترمذي ت شاكر – 1 / 269: وَهُوَ قَوْلُ غَيْرِ وَاحِدٍ مِنْ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْهُمْ: عَلِيٌّ، وَعَمَّارٌ، وَابْنُ عَبَّاسٍ، وَغَيْرِ وَاحِدٍ مِنَ التَّابِعِينَ، مِنْهُمْ: الشَّعْبِيُّ، وَعَطَاءٌ، وَمَكْحُولٌ قَالُوا: التَّيَمُّمُ ضَرْبَةٌ لِلْوَجْهِ وَالكَفَّيْنِ، وَبِهِ يَقُولُ أَحْمَدُ، وَإِسْحَاقُ، وقَالَ بَعْضُ أَهْلِ العِلْمِ مِنْهُمْ: ابْنُ عُمَرَ، وَجَابِرٌ، وَإِبْرَاهِيمُ، وَالحَسَنُ قَالُوا: التَّيَمُّمُ ضَرْبَةٌ لِلْوَجْهِ، وَضَرْبَةٌ لِلْيَدَيْنِ إِلَى المِرْفَقَيْنِ، وَبِهِ يَقُولُ سُفْيَانُ، وَمَالِكٌ، وَابْنُ المُبَارَكِ، وَالشَّافِعِيُّ”،
“Назари бисёриҳо аз уламои саҳоба ва тобеин, амсоли ҳазрати Алӣ, Аммор, Ибни Аббос, Шаъбӣ, Ато, Макҳул бар ин аст, ки ҳангоми таямум танҳо як маротиб дастонро ба хок зада мешавад ва бо он рӯ ва то банди дастҳоро масҳ кашида мешавад. Ин назарро имомон Аҳмад ва Исҳоқ ихтиёр кардаанд. Аммо баъзе дигар аҳли илм, яъне аз саҳобагон ва ғайри онҳо, монанди ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар, Ҷобир, Иброҳим, Ҳасан ба ин назаранд, ки ҳангоми таямум ду маротиб даст ба хок зада мешавад. Як маротиб барои масҳ кашидани рӯй ва якбори дигар барои масҳ кашидани дастҳо то оринҷ. Ин назарро имомон Суфён, Молик, Ибни Муборак ва Шофеӣ ихтиёр кардаанд”.
Асари ин ихтилофи саҳобагонро дар фатовои фуқаҳои чаҳор мазҳаб дар “Мавсуаи фиқҳӣ” чунин баён кардаанд:
“وفي الموسوعة الفقهية الكويتية – 14 / 253: وَذَهَبَ الْحَنَفِيَّةُ وَالشَّافِعِيَّةُ إِلَى أَنَّ الْمَطْلُوبَ فِي الْيَدَيْنِ هُوَ مَسْحُهُمَا إِلَى الْمِرْفَقَيْنِ عَلَى وَجْهِ الاِسْتِيعَابِ كَالْوُضُوءِ. لِقِيَامِ التَّيَمُّمِ مَقَامَ الْوُضُوءِ فَيُحْمَل التَّيَمُّمُ عَلَى الْوُضُوءِ وَيُقَاسُ عَلَيْهِ. وَذَهَبَ الْمَالِكِيَّةُ وَالْحَنَابِلَةُ إِلَى أَنَّ الْفَرْضَ مَسْحُ الْيَدَيْنِ فِي التَّيَمُّمِ إِلَى الْكُوعَيْنِ”،
“Ҳанафиҳо ва шофеъиҳо ба ин назаранд, ки ҳангоми таямум матлуб дар масҳ кашидани дастон мисли вузӯ ҳамаи дастро то оринҷ масҳ кашидан аст. Зеро таямум қоим дар мақоми вузӯ қарор мегирад ва ба он қиёс карда мешавад ва ҳукми вузӯро мегирад. Аммо моликиҳо ва ҳанбалиҳо бар ин назаранд, ки миқдори фарзӣ дар таямум то ҳарду банди даст масҳ кашидан аст”.
Саҳобагон дар кайфияти ҳангоми қиёми намоз дастонро дар куҷо гузоридан ихтилофи назар доранд ва онро Имом Тирмизӣ чунин баён кардааст:
“وفي سنن الترمذي ت شاكر – 2 / 33: وَالعَمَلُ عَلَى هَذَا عِنْدَ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَالتَّابِعِينَ، وَمَنْ بَعْدَهُمْ، يَرَوْنَ أَنْ يَضَعَ الرَّجُلُ يَمِينَهُ عَلَى شِمَالِهِ فِي الصَّلَاةِ، وَرَأَى بَعْضُهُمْ أَنْ يَضَعَهُمَا فَوْقَ السُّرَّةِ، وَرَأَى بَعْضُهُمْ: أَنْ يَضَعَهُمَا تَحْتَ السُّرَّةِ، وَكُلُّ ذَلِكَ وَاسِعٌ عِنْدَهُمْ”.
“Аҳли илми саҳобагон ва ғайри онҳо бар ин назар мебошанд, ки ҳангоми қиём бояд дасти ростро болои дасти чап гузорида шавад. Баъзеҳо мегӯянд, ки мавзеи гузоридани дастон бояд болои ноф бошад ва бархи дигар мегӯянд, ки дар зери ноф бигузорад. Чигунае бигузорад аз дидгоҳи онҳо ҷоиз аст”. Асари ин ихтилофи саҳобагонро дар фиқҳи чаҳор мазҳаб дар “Мавсуаи фиқҳӣ” чунин баён кардааст:
“وفي الموسوعة الفقهية الكويتية – 27 / 87: ذَهَبَ الْحَنَفِيَّةُ وَالْحَنَابِلَةُ إِلَى أَنَّ مَكَانَ وَضْعِ الْيَدَيْنِ تَحْتَ السُّرَّةِ، فَيُسَنُّ لِلْمُصَلِّي أَنْ يَضَعَهُمَا تَحْتَ سُرَّتِهِ،….. وَذَهَبَ الشَّافِعِيَّةُ إِلَى أَنَّهُ يُسَنُّ وَضْعُ الْيَدَيْنِ تَحْتَ الصَّدْرِ وَفَوْقَ السُّرَّةِ، وَهُوَ مَذْهَبُ الْمَالِكِيَّةِ فِي الْقَبْضِ فِي النَّفْل”،
“Фуқаҳои ҳанафӣ ва ҳанбалӣ бар ин назаранд, ки мавзеи мондани дастон аз дидгоҳи суннат зери ноф аст ва фуқаҳои шофеӣ дар зери сина ва аз болои ноф гузоридани дастонро суннат гуфтаанд ва моликиҳо низ дар намозҳои нафлӣ чунин гузориданро ихтиёр кардаанд”.
Саҳобагон дар мавриди шикастани вузӯ аз таоми дар оташ пухташуда ихтилофи назар доранд ва Имом Тирмизӣ мавзӯъро чунин баён кардааст:
“وفي سنن الترمذي ت شاكر – 1 / 116: وَقَدْ رَأَى بَعْضُ أَهْلِ العِلْمِ: الوُضُوءَ مِمَّا غَيَّرَتِ النَّارُ، وَأَكْثَرُ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَالتَّابِعِينَ، وَمَنْ بَعْدَهُمْ: عَلَى تَرْكِ الوُضُوءِ مِمَّا غَيَّرَتِ النَّارُ”,
“Баъзе аҳли илм бар ин назаранд, ки баъди хурдани таоми дар оташ пухташуда бояд вузӯ карда шавад. Аммо аксари аҳли илми саҳобагон, тобеин ва ғайри онҳо бар ин назаранд, ки аз хурдани таоми дар оташ пушхташуда вузӯ намешиканад”.
Асари ин ихтилофи саҳобагонро дар фатвои уламои чаҳор мазҳаб дар “Мавсуаи фиқҳӣ” чунин баён кардааст:
“وفي الموسوعة الفقهية الكويتية- 35 / 210:ذَهَبَ الْحَنَفِيَّةُ وَالْمَالِكِيَّةُ وَالشَّافِعِيَّةُ وَأَحْمَدُ فِي رِوَايَةٍ إِلَى أَنَّ أَكْل لَحْمِ الْجَزُورِلاَ يَنْقُضُ الْوُضُوءَ …وَذَهَبَ الْحَنَابِلَةُ فِي الْمَذْهَبِ وَالشَّافِعِيُّ فِي الْقَدِيمِ وَأَبُو بَكْرِ بْنُ خُزَيْمَةَ إِلَى أَنَّهُ يَنْقُضُ الْوُضُوءَ”،
“Ҳанафиҳо, моликиҳо ва Имом Аҳмад дар як ривоят бар ин назаранд, ки аз хурдани ончи дар оташ пухта шудааст вузӯ намешиканад. Аммо мазҳаби ҳанбалиҳо ва мазҳаби қадими Имом Шофеӣ ва инчунин Ибни Хузайма бар ин назаранд, ки хурдани таоми дар оташ пухташуда вузӯро мешиканад .
Саҳобагон дар мавриди воҷиб шудани закот аз зеварҳои тиллогин ва нуқрагин ихтилофи назар доранд ва Имом Тирмизӣ ихтилофи онҳоро чунин баён кардааст:
“وفي سنن الترمذي ت شاكر – 3 / 20: وَاخْتَلَفَ أَهْلُ العِلْمِ فِي ذَلِكَ، فَرَأَى بَعْضُ أَهْلِ العِلْمِ مِنْ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَالتَّابِعِينَ فِي الحُلِيِّ زَكَاةَ، مَا كَانَ مِنْهُ ذَهَبٌ وَفِضَّةٌ، وَبِهِ يَقُولُ سُفْيَانُ الثَّوْرِيُّ، وَعَبْدُ اللَّهِ بْنُ المُبَارَكِ «،» وقَالَ بَعْضُ أَصْحَابِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْهُمْ: ابْنُ عُمَرَ، وَعَائِشَةُ، وَجَابِرُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ، وَأَنَسُ بْنُ مَالِكٍ: لَيْسَ فِي الحُلِيِّ زَكَاة”.
“Баъзе аҳли илми саҳобагон ва тобеин ба ин назаранд, ки дар зеварҳои тилогин ва нуқрагин закот воҷиб мешавад ва имомон Саврӣ ва Ибни Муборак ин назарро ихтиёр кардаанд. Аммо баъзе дигар саҳобагон, монанди Абдуллоҳ ибни Умар, модари муъминон ҳазрати Оиша, Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Анас ибни Молик бар ин назаранд, ки дар зевар закот воҷиб намешавад”.
Асари ин ихтилофи назари саҳобагонро дар фатовои фуқаҳои чаҳор мазҳаб дар “Фиқҳи Исломӣ” чунин баён кардааст:
“وفي الفقه الإسلامي وأدلته للزحيلي – 3 / 1828: والخلاصة أن الجمهور لا يرون الزكاة في حلي المرأة المعتاد، …..وقال الحنفية: الزكاة واجبة في الحلي للرجال والنساء…”.
“Ҷумҳури фуқаҳо (моликиҳо, шофеиҳо ва ҳанбалиҳо) закотро дар зевари занон воҷиб намегӯянд ва фуқаҳои ҳанафӣ мегӯянд, ки дар зевари зану мард закот воҷиб мебошад”.
Чунин ихтилофҳои асҳоби киром аз ҷиҳати ҳавову ҳавас ва бидуни далел набуда, балки дар асари назар кардан дар Қуръону Суннат чунин назарҳои мухталифро иброз доштаанд.


