Сураи Духон Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 24

وَاتۡرُكِ الۡبَحۡرَ رَهۡوًا‌ؕ اِنَّهُمۡ جُنۡدٌ مُّغۡرَقُوۡنَ ٢٤

Ватруки-л-баҳра раҳван иннаҳум ҷунду-м муғрақун. 24.

24. Ва оромона дарёро бигзар, ҳаройина, онҳо лашкари ғарқшавандагонанд».

Ҳазрати Мӯсо (а) амри Аллоҳро ба ҷо овард ва баъди гузаштан мехост дарё ба маҷори худ бозгардад, зеро бим дошт, ки Фиръавн расида ба ҳалокашон кӯшиш мекунад. Пас Аллоҳ таъоло ӯ (а)-ро бо сухани худ дилпур сохт ва фармуд, ки ба ӯ (а) ва Қавмаш, яъне бани Исроил хатар таҳдид нахоҳад кард. Чун аз дарё гузаштед, обро ҳамчунон оромида бигзор, то он роҳ боқӣ бошад, зеро чун Фиръавну ҳамроҳонаш шуморо таъқиб намуда, ба ин ҷо мерасанд, мехоҳанд аз он роҳ гузаранд, вале дар ҳолати гузаштан ҳама ғарқу ҳалок хоҳанд шуд.

Баъди ин ҳодиса Аллоҳ таъоло аз онҳо хабар дода гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)