Тут ва хусусиятҳои шифобахшии он

0

Маълумот дар бораи ТУТ

Тут ҳамчун дарахти зиёдумри сояафкану серҳосил машҳур аст. Баргаш барои тайёр кардани ашёи хом ва меваи ширинаш ғизои одамон аст. Ин навъи мева барои бардавомиву дарозумрии инсонҳо солҳост, ки миёни мардуми Шарқ маъмул аст.

тут

Тут аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ бой буда, дар худ калсий, магний, оҳан ва амсоли онҳоро дорост. Хусусиятҳои шифобахшии тути хушккардашударо донишмадон барои беморони гирифтори қалб, фишорбаландӣ, тоза кардани гурдаҳо ва узвҳои ҳозима тавсия карданд.

Истеъмоли афшурдаи тут бошад, хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, дар бартараф кардани варами даҳон, илтиҳоби захми меъда ва дарди гулӯ муфид аст. Инчунин, барги таркардашудаи тут барои ба зудӣ бартараф кардани таб истифода мешавад.
Дар Украина давоми 4 ҳафта бо меваи тару тозаи тут табобати беморони дилро таҷриба карданд.

Ҳамарӯза ба беморон 4 маротиба 200 – 300 грамм истеъмол намудани тути тару тозаро тавсия дода, расман озмоиш гузаронданд. Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки давоми як моҳи табобат дарди дили онҳо кам гардидааст.


Маълумот дар бораи тут, тут бо забони точики

Тарбуз даво барои фарбехи

Мақолаи қаблӣДуои бад барои фарзанд
Мақолаи баъдӣДалелҳо дар бораи КАЙҲОН