Сураи Духон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Духон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Духон Ояти 3

اِنَّاۤ اَنۡزَلۡنٰهُ فِىۡ لَيۡلَةٍ مُّبٰـرَكَةٍ‌ اِنَّا كُنَّا مُنۡذِرِيۡنَ ٣

Инна анзалнаҳу фӣ лайлати-м-мубаракаҳ. Инна кунна мунзирӣн. 3.

3. Ба дурустие ки Мо он (Қуръон)-ро дар шаби муборак нозил кардем. Батаҳқиқ, Мо (мардумро аз ширку гуноҳ) тарсонанда ҳастем.

Худованди Карим бо Қуръоне, ки бо зоҳиру ботини худ байни ҳидояту залолат ошкоро фарқ мегузорад, бо муъҷиза будунаш инсу ҷинро оҷиз гардонидааст, ки ҳатто ба мисли як ояти кӯтоҳтарини он Қудрати офаридан надоранд, савганд ёд намудааст, ки мо ин Қуръонро ҳақиқатан дар шаби бисёр бофазлу бобаракат, шаби пурхайру савоб, яъне шаби Лайлатулқадр, аз Лавҳулмаҳфуз ба осмони дунё ва аз он ба воситаи ҳазрати Ҷабраил (а) дар муддати 23 сол, дар вақтҳои лозиму зарур ба ҳазрати Муҳаммад (с) ваҳй фиристодем. Мақсад аз фиристодани Қуръон ин аст, ки ба омадани рӯзи пурдаҳшатии Қиёмат мардумро тарсу огоҳӣ бидиҳем. Одати мо ин аст, ки бе ҳушдор, бе таълими фоидаву зиён, бе тарсу бим, бе огоҳӣ бандагони Худро ба азоб нахоҳем кашид. Ин фиристодани Қуръон барои онҳо дар он рӯзи сарнавиштсози бандагон ё бар фоидаи онҳо ё бар зарари онҳо як ҳуҷҷат аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Духон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Духон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Духон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)