
Сабабҳои резиши муйи сар ва тавсияҳо. Рехтани муйи сар дар ҳар синне, ки бошад боиси нигаронӣ ва нороҳати мешавад, хусусан дар ҷавонӣ. 60% мардон пеш аз 30 солагӣ бо резиши муйи сар рӯ ба рӯ мешаванд.
Сабабҳои резиши муйи сар инҳоянд:
- Масрафи доруҳо;
- Камхуни;
- Ирсӣ;
- Изтироби зиёд;
- Худризоӣ;
- Истифода аз шампунҳои гуногун.
Тавсияҳои духтурон
Аввалан бояд режими хурок хурданро иваз кард!
Бояд хурокҳое, ки бисёртар аз сабзиҷот таёршударо истеъмол кунед, инчунин аз меваҳо хусусан: себ, ангур, хурмо.
Витамини В решаи муйро қави мекунад, ин витамин дар тухми мурғ зиёд аст пас ҳар саҳар хурдани тухмро фаромӯш накунед!
Пиёз ва Сирпиёз низ ба шумо кумак мекунанд, ҳам хӯрданашон ва ҳам молиданашон ба решаҳои мӯй.
Агар резиши муйи сари шумо дар як рӯз аз 50 то 80 дона мерезад пас ин табиӣ мебошад, аммо агар зиёд бошад пас масаларо ҷиддӣ гиред.
Агар резиши муй ва шикастани нохун дар шумо зиёд аст, пас витамини В дар баданатон кам аст.
Яке аз иллатҳои кам будани витамини В заъиф шудани муй ва дандон мебошад.
Барои дармони он шир ва тухми мурғ зиёд бихӯред!


