Дуои волидайн дар ҳаққи фарзандон, баргирифта аз Қуръон. Дар ин макола дуои падару модар ё волидайн ба фарзанд – писар ва духтари худ оварда мешавад, метавон дар намоз ин дуо бо забони точикиро хонд.
Бор Илоҳо! Ту фарзандонамро бе он ки ман қудрату тавон дошта бошам, ба ман додаӣ, пас онҳоро дар паноҳи худат нигоҳ дор, ки ман тавони нигаҳдории онҳоро дар ҳамаи ҳолатҳо надорам!
Бор Илоҳо! Фарзандонамро аз ҳар бадию чашмзахму зарар ҳифз кун!
Худовандо! Онҳоро аз бемориҳо ҳифз кун ва агар беморанд, шифояшон деҳ!
Худовандо! Имтиҳони маро дар онҳо қарор мадеҳ, ки китфҳоям таҳаммули чунин бореро надорад!
Бор Илоҳо! Онҳоро дар имтиҳонҳои ошкору пинхонат аҷру подош деҳ!
Худовандо! Онҳоро аз бандагони солеҳат ва аз ҳофизон ва қориёни китобат қарор деҳ ва онҳоро аз назари дин ва ибодату дониш беҳтарини мардум ва аз назари зиндагӣ хушбахттарини мардум қарор деҳ!
Бор Худоё! Фарзандонамро бо ҳалолат аз ҳаромҳо бениёз гардон ва бо фазлу бахшишат ба ғайри худат мӯҳтоҷ нагардон!
Худовандо! Ҳамон тавр, ки китобатро то қиёмат ҳифз мекунӣ, фарзандони маро ҳам аз ҳар бадию палидӣ дур нигаҳ дор!
Бор Илоҳо! Фарзандонамро бо беҳтарин бандагонат дӯст намо ва хислатҳои пок ва таваккул кардан ба худатро насибашон гардон, эй Худои Қодир ва эй Худои Ҷаббор!
Бор Илоҳо! Тамоми бемориҳои рӯҳӣ ва баданиро аз онҳо дур намо ва бо қудрату тавони худат маро ба ниҳояти орзуҳоям дар ҳаққи онҳо ноил кун, эй Худои Карим, эй Худои Маннон!
Бор Илоҳо! Маро дар ҳаётам аз эҳсону некии онҳо баҳраманд гардон ва баъд аз маргам бо дуоҳояшон хушнуд намо!
Бор Худоё! Фарзандонамро, ки тиккае аз қалбам ҳастанд ба Ту супурдаам, дар маконҳое, ки аз диди ман пинҳон ҳастанд, аммо аз диди Ту ҳаргиз пинҳон нестанд, пас бо азамату бузургиат нигаҳдори онҳо бош!
Парвардигоро! Касе, ки ин паёмро барои ман фиристода аст, ғаму андӯҳашро бартараф намо, фарзанд ва фарзандонашро аз ҳар бадӣ дур нигаҳ дор ва ба орзуҳои некаш бирасон!
Илоҳо Омин!!!
Дуо бо забони точики дуои падару модар дуо барои фарзанд