Дар ин мақола таърих ва пайдоиши пеналти, зарбаи ҷаримавии назди давоза ё зарбаи 11 метра оварда мешавад.

Тавре таърих гувоҳӣ медиҳад, пеналти чун зарбаи 11 метра соли 1891 ба миён омад. Доварон ва бозигарон рӯи ин масъала фикр намуданд, то онҳоеро, ки ҳангоми бозӣ ба қоидавайронкунӣ роҳ медоданд, муҷозот намоянд.
Аввалин касе, ки зарбаи пеналтиро пешниҳод намуд, Уилям Маккрам – дарвозабони ҳаваскор аз Ирландияи Шимолӣ буд. Ин пешниҳодро дар мавсими солҳои 1891/92 Ассотсиатсияи футболи Британияи Кабир ҷонибдорӣ намуд.
Нахустин пеналтиро Билли Хит аз дастаи Вулверхемптон 14 сентябри соли 1891 ба дарвозаи тими Аккрингтон зад.
Системаи зарбаҳои 11 метраро пас аз анҷоми вақти асосии бозӣ оғози солҳои 70-уми асри ХХ довари олмонӣ Карл Валд Вплот пешниҳод кард. Ин ҳолат то ба имрӯз ҳангоми мусовӣ анҷом ёфтани вохӯриҳои ниҳоӣ, такрорӣ ва ҳалкунанда истифода мегардад. То роҳандозии ҷаримаи 11 – метра дастаҳо такроран бо ҳам зӯр меозмуданд ва ё тақдири бозӣ бо партофтани танга (қуръапартоӣ) ҳал мешуд.


