Дуои Сафар кардан (бо забони араби ва точики)

0

Якчанд дуо барои Сафар кардан, дуои рохи сафар, дуои сафар дар рох бо забони арабӣ ва забон тоҷикӣ меорем >>

дуо

Дуои сафар: «Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва охира амалика».

Тарҷума: Динат, амонатат ва охири коратро ба Худованд месупорам.


Дуои сафар бо забони точики >>

Инно фатаҳно пешво, насрум-миналлоҳ аз қафо, ҳоди Набии Мустафо, солим раву ғоним биё. Фаллоҳу хайрун ҳофизо. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.


Эй Бор Худои пуриноят,
Покиза Каримӣ бениҳоят.
Мо ғоиби худ ба Ту супурдем,
Ту боз расон ба мо саломат.


Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад, сиҳҳат раву саломат биё. Худованд сафаратро бехатар кунад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.


Илоҳо, сафар бехатар шавад, ба ҳар ҷое, ки қадам монанд нек гардад. Худованд муродашонро ҳосил карда, бо фатҳу зафар боз орад. Солим раванду ғолиб биёянд. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Мақолаи қаблӣИлтимос ХАЙР кунед, рақамҳои карта дар зер
Мақолаи баъдӣЯкуминҳо дар ислом (маълумоти ҷолиб)