Илтимос ХАЙР кунед, рақамҳои карта дар зер

0

“Илтимос хайр кунед, фарзандам бемор аст, барои муолиҷаи ӯ пул лозим, рақамҳои карта 0000 0000 0000 0000, Душанбе сити ва Алиф 000 00 00 00”.

“Ин шахс дар ғарибӣ фавтидааст, барои ба Тоҷикистон бурданаш пул лозим, касе чӣ қадаре партояд, ХАЙР кунед, илтимос рақамҳои карта 0000 0000 0000 0000, Душанбе сити ва Алиф 000 00 00 00”.

“КОНКУРС!!! Дар конкурси мо 3 то мошин, 10-то телефон, 50-то конверти 10-ҳазор рубла ва дигар туҳфаҳо. Билетҳо бисёр нестанд, ҳамагӣ 50 000 билет аст, нархи билет 300 рубл. Ина ҳами т метонӣ ба 300 рубл соҳиби инами мошинча бшай! Барои харидани билет: рақамҳои карта 0000 0000 0000 0000, Душанбе сити ва Алиф 000 00 00 00”.

Имрӯз ҷамъоварии пул бо тариқи корти бонкӣ мода шудааст. Масалан:

1) Фалонӣ сахт касалай чандсум боша партоен ë дуо кунен;

2) Фалонӣ мурдай, барои груз 200-ро рои кардан пул партоен ëрдам.

3) Барои ин сағираҳо пул ҷамъ кардестем. Ки чанд сум партояд.

4) Бе хона будай, барои харидани хона ба ин зан ва кудакош хайр кунен.

5)  Барои хизматҳои ҳуқуқӣ расондан ба муҳоҷирон, барои мо ëрдам лозим. Ки чанд сум партояд.

6) Билетҳои лоторея бо тариқи онлайн фурухта мешавад. Приз мошин Мерседес ë КИА. Нархи билет 500  ë 1000  рубл.

7) Сел задай, барои мардум пул ҷамъ кардестем. Ëрдам.

Ва ғайраву ва ғайра!

Вақте ки ба як бегона аз картаи бонки худ пул мепартоед 100 бор фикр кунед.

Ин карта ба номи кист?

Бо чӣ кор машғул аст?

Барои онки ҳамаи  маълумот оиди шумо алакай дар базаи Бонк қайд карда мешавад.

Ва он шахсе, ки аз шумо пул гирифта буд, як рӯз не як рӯз бо ягон ҷиноят ба дасти мақомоти қудратӣ меафтад, албатта картаи бонкӣ тафтиш карда мешавад. Агар номи насаби шумо дар қайд бошад, шумо ҳадди ақал ҳамчун шарик бо вай ҳамроҳ мешавед.

Барои он ки шумо ин шахсро бо пул таъмин кардагӣ ба ҳисоб меравед. Баъд ин хайр буд,  ëрдам буд ва ë дастгирӣ буд, инро исбот кардан хело мушкил аст. То исбот мекунед, ки бисёр “проблема”-ро паси сар мекунед.

Ин тактика қариб дар ҳамаи мамлакатҳо истифода бурда мешавад.

Барои ҳамин ХАЙР накунед не, ХАЙР кунед, фақат ба он шахсе, ки шумо вайро нағз мешиносед!!!

Мақолаи қаблӣАз аҷибиҳои ҳамроҳак (маълумоти ҷолиб)
Мақолаи баъдӣДуои Сафар кардан (бо забони араби ва точики)