Фактҳои ҷолиби Арабистони Саудӣ

0

Арабистони Саудӣ  дар баробари дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дорои таърих, фарҳанг, урфу одат ва аҷибиҳои худ мебошад.  Дар ин давлат ҳуқуқи занон  хело маҳдуд буда, давлат барои онҳо якчанд амалҳоеро, ки дар поён зикр шудаанд, манъ кардааст. Ба ҷуз ин,  ягона давлатест, ки дар он ду шаҳри мусулмонони ҷаҳон – Макка ва Мадина ҷойгир аст. Ҳоло Шуморо бо фактҳои аҷиби ин сарзамин шинос мекунем:


Арабистони Саудӣ яке аз давлатҳои ташкилкунандаи Созмони Миллали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.


Ин давлат аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон мавқеи 13-умро ишғол мекунад.


Дар Арабистони Саудӣ занон ҳеҷ вақт мошин намеронанд, чунки дар ин давлат рондани мошин ба ҷинсони заиф манъ карда шудааст.


Сокинони Арабистони Саудӣ бе иҷозати шавҳар, ака ва ё падар наметавонанд, ба назди духтур раванд. Ҳамроҳашон аз шахсони зикршуда ҳатман бояд яке бошад.


Қонун дар бораи издивоҷ дар ин давлат барои мардон иҷозат додааст, ки ҳатто бо духтарони аз 10 сола боло оила барпо кунанд.


Дар Арабистони Саудӣ рӯзи корӣ аз рӯзи якшанбе оғоз шуда, рӯзи панҷшанбе ба анҷом мерасад. Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар ин мамлакат ҳамчун рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб мераванд.


Дар Арабистони Саудӣ нархи бензин аз об ду маротиба арзон мебошад. Мардум аз бензин дида ба об эҳтиёҷ доранд, чунки дар он ҷо аксарияти мардум аз набудани ин неъмати бебаҳо танқисӣ мекашанд.


Сокинони Арабистони Саудӣ ҳеҷ гоҳ зодрӯзашонро ҷашн намегиранд. Ин ҷашн дар онҳо одат нашудааст. Инчунин онҳо соли навро низ тамоман ҷашн намегиранд.


Системаи бонкӣ дар Арабистони Саудӣ бисёр муфид аст барои сокинон, чунки бонкҳои ин мамлакат қарзро бо фоизи бениҳоят паст, яъне 2% аз сокинон талаб мекунанд.  Чи хеле ки дар Қуръон зикр шудааст, пули зиёдатӣ гирифтан аз сокинон ҳаром аст, ба ҳамин хотир он 2%-е, ки аз сокинон гирифта мешавад, барои харҷи корҳои техникие, ки дар системаи бонкӣ ба вуҷуд меоянд, истифода мегардад.


Дар ин мамлакат давлат аз савдогарон барои фурухтани чизҳои лозимиашон андоз намеситонад.


Аз сабаби оне ки ин мамлакат исломист, дар он ҷо сохтани биноҳо барои театр ва кинотеатрҳо қатъиян манъ аст.


Дар ин мамлакат қонун ба касоне, ки маводи мухаддир истифода мебаранд, ҳукми қатл эълон карда аст ва шахсоне, ки бо ҳукми истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ дастгир мешаванд, ё маҳбас ва ё аз давлат ронда мешаванд.


Инчунин дар ин ҷо  қонун барои занон аз чанд ҷиҳат маҳдуд аст. Масалан занон наметавонанд,  танҳо ба кӯча бароянд ё  бе ҳиҷоби сиёҳ берун баромадан дар кӯчаҳои шаҳр қатъиян манъ карда шудааст.  Бо мардони бегона низ занон  тамоман сӯҳбат намекунанд.


Дар бораи ин мамлакат боз чиҳо медонед? Дар шарҳ нависед, то дигарон донанд.


Мавод бо истифода аз якчанд сомонаҳои русӣ тарҷума ва ба Шумо пешниҳод гардид.   

12 маълумоти аҷиби Туркия


Дар бораи Арабистони Сауди бо забони точики, Макка ва мадина бо забони точики, фактхои чолиб, далелхои чолиб.

Мақолаи қаблӣ10 дарси аҷиби зиндагӣ аз Алберт Эйнштейн
Мақолаи баъдӣЛаҳзаҳои ҷолиб дар ҳаёт

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед