Дуои шаби аввал барои домод

0

Дар шаби якум домоду арус кадом дуоро бояд хонанд? Ба ин суол дар ин саҳифаи сомонаи Суи ДОНИШ – www.donish.su ҷавоб ёбед.

#Савол: Дар шаби аввали хонадоршавӣ кадом дуо ё сураро хондан лозим аст?

#Ҷавоб: Дар шаби аввали хонадоршавӣ мустаҳаб аст, ки домод дасти росташро дар пешонии ҳамсараш монда, сипас ин дуоро бихонад:

 «Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳо ва хайра мо ҷабалтаҳо ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо ҷабалтаҳо ъалайҳи».

Тарҷума: «Худовандо! Ман аз Ту хубии ин занро мехоҳам ва хубии он чи ӯро бар он сириштаӣ ва аз бадии ӯ ва бадии он чи ӯро бар он сариштаӣ, ба Ту паноҳ мебарам».

Инчунин суннат аст, ки пеш аз наздик шудан (пеш аз хамхобаги) ба ҳамсари худ ин дуоро бихонад:

«Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибнаш-шайтона ва ҷаннибиш-шайтона мо разақтано».

Тарҷума: «Ба номи Худо. Худовандо! Моро аз шайтон дур кун ва шайтонро аз он чи насиби мо мекунӣ, дур нигоҳ дор».

Шӯрои Уламо

ДИГАР МАВОДҲОИ МО

 

Мақолаи қаблӣЧаро вақти омин гуфтан дастҳоро ба рӯй мекашанд?
Мақолаи баъдӣКадом зан беҳтар аст? (ҳикояи ҷолиб)