Сураи Фаҷр Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фачр Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фаҷр Ояти 21

كَلَّاۤ اِذَا دُكَّتِ الۡاَرۡضُ دَكًّا دَكًّا ٢١

Калла. Иза дуккати-л-арЗу даккан дакка. 21.

21. Сазовор нест, ки амали шумо чунин бошад! Вақто ки Замин сахт дарҳам кубида шавад.

Яъне чун қиёмат қоим мешавад, аз зилзилаи пайдарпай ҷумлаи кӯҳу теппаҳо реза-реза шаванд ва Замин як майдони ҳамвору дашт гардад, фикри онро намекунед, ки дар он рӯз шуморо ба ҳисоб кашанд, он гоҳ чӣ кор мекунед ва киро ба ёрӣ мехонед? Боз даҳшати дигар ин аст, ки:…


Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фаҷр Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фаҷр Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)