Сураи Фаҷр Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фачр Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фаҷр Ояти 20

وَّتُحِبُّوۡنَ الۡمَالَ حُبًّا جَمًّا ٢٠

Ва туҳиббуна-л-мала ҳуббан ҷамма. 20.

20. Ва молро бисёр дӯст медоред.

Дар дӯст доштани мол чунон сахт ҳарис гаштаед, ки андешаи ҳалолу ҳаромро намекунед. Закоти молро адо намекунед. Гӯё молу сарват қиблаи шумо гаштааст. Ҳол он ки ин амал оини кофирон аст. Пас, чӣ тавр дар назди Аллоҳ хору залилу беқадр нагардед?

Баъде ки Парвардигори олам ин ҳама сирру асрори дӯстдорони молро фош намуд, ба баёни оятҳои бимовари худ шурӯъ намуда ба ин мақсад, ки шояд онҳо саҳвҳои худро фаҳмида, тавба намоянд, пас гуфт:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фаҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фаҷр Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фаҷр Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)