Тифле, ки баъд аз таваллуд шудан сухан гуфт

0

Дар таваллудхонаи шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова тифле ба дунё омад, ки дарҳол ба сухан даромада табибонро дар ҳайрат гузошт. Падару модар низ дар қатори табибон ҳайрон шуданд, номи писарро Степан гузоштанд.

Мария Папова, момодояи таваллудхона дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Жизнь» чунин гуфтааст: «Ман дар ҳайратам, ки тифли навзод чи тавр ба гап даромад! Ба гӯшҳои худам бовар намекардам. Вай пай дар пай такрор мекард – «Папа, папа». Ман аз соли 1986 инҷониб ба ҳайси момодоя кор мекунам, вале ин гуна навзодро надида будам». Барои муайян намудани ин ҳолати ғайриодӣ табибон ва олимон ба таҳқиқ шурӯъ карданд.

Рӯзи дувум, вақте модар ба тифлаш мегӯяд: «Ана ҳозир падарат меояд», Степан бо саволи «Падар кист?» модарро аз ин ҳам зиёдтар ҳайратзада мекунад.

Алҳол ҳамин қадараш маълум шудааст, ки Лиза ва Радион – волидони Степан ҳангоми дар батни модар будани тифл ҳамеша бо вай суҳбат мекарданд.

Мақолаи қаблӣФактҳо дар бораи чашм
Мақолаи баъдӣЧи қадари умрамонро ба хоб, хурок, сухан … мегузаронем?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед