Дар зиндагӣ ҳама чиз дар муҳити худ дорои пешво ва ё шоҳ мебошад. Масалан, шоҳи фанҳо математикаро мешуморанд ва ё дар ҷангал шерро шоҳи ҳайвонот меҳисобанд. Инҳо бесабад нестанд. Қувваву иродаи шоҳон нисбати дигарон зиёдтар аст. Ана барои ҳамин онҳо чунин унвонро ба худ гирифтаанд.
Шер- шоҳи ҳайвонот беҳуда нест албатта. Чарро дигар ҳайвон ва ё хазандаву даррандаро неву танҳо шерро шоҳи ҳайвонот мегуянд? Оё боре андешидед? Аксарияти одамон бар он ақидаанд, ки шерро хато шоҳи ҳайвонот ном мебаранд. Аммо дар гуфтугӯйи аз забон ба забон гузаштан ин ҳайвони чолок дар тамоми сайёра чунин унвонро ба худ соҳиб гардидааст. Ҳоло якчанд факти аҷибро дар бораи шерон пешниҳоди Шумо мегардонем.
Шерон ягона ҳайвоноте ҳастанд, ки ба ҳамдигар иттифоқанд. Онҳо бештар шабона фаъол буда, дилхоҳ сайдро ба доми худ меафтонанд. Суръати ҳаракати ҳеҷ ҳайвони дигаре ба суръати ҳаракти шерон баробар шуда наметавонад. Ҷаҳиши онҳо низ дар як ҷаҳидан то 10 метрро ташкил медиҳад.
Онҳо гарчанде ба монанди дигар ҳайвонот азимҷусса набошанд ҳам, бисёр чолоку ҳушёранд. Вазнашон метавонад то 320 кг шавад.
Синну соли шерон аз нигоҳи муҳаққиқон ба ҳисоби миёна 13 солро ташкил медиҳад. Аз ин синну сол зиёд умр ба сар бурдани онҳо ба шумораи хеле камашон рост меояд.
Шер танҳо тули чор шабонарӯз метавонад бе об зитндагиашро идома диҳад. Аз ин муҳлат зиёдтар ба шерон мутобиқ нест. Дар ҳолати сахт ташна мондан ба онҳо 20 дақиқа лозим, ки аз об сер шаванд.
Айни ҳол дар тамоми кураи замин наздики 50 ҳазор шер маҷуд аст.
Шерон бештар рӯзона хоб мераванд ва аз ҳама зиёд онҳо то 20 соат метавонанд хоб рафта, организми худро барои шикори сайди нав боқувват намоянд. Аксар вақт шабона туъмаи худро соҳиб мешаванд.
Шикори шерон дар тамоми ҷаҳон манъ карда шудааст. Ҳеҷ як шикорчие ҳуқуқ надорад, ки шеронро шикор кунад.
Шумо низ дар бораи ин ҳайвон чизеро донед, пас дар шарҳ нависед.