Коғази истифодашударо чӣ кор мекунанд?

0

Пешопеш инро хонед >> Коғаз аз чи тайёр мешавад?

Тавре гуфтем, коғазро аз чӯб, партовҳои найшакар ва рустаниҳои дигар тайер мекунанд. Бинобар ин он муҳити атрофро он қадар ифлос намекунад.

Вале азбаски ҳангоми тайёр кардани он баъзе маводи заҳролуд ба мисли маводи шустагарӣ истифода мебаранд, беҳтар аст, ки коғазҳои истифодашуда (рӯзнома, маҷалла ва ғ.) ба марказҳои қабули коғаз супорида шаванд.

Зеро дар корхонаҳои коғазбарорӣ онҳо ба осонӣ коркард мешаванд ва дубора коғаз истеҳсол менамоянд.


Мақолаи қаблӣАз шиша чӣ тайёр мекунанд?
Мақолаи баъдӣОё энергияро истеҳсол кардан мумкин аст?