Маърифати далелҳои қатъӣ ва заннӣ (далелҳои шаръии ҳанафӣ)

0

Маърифати далелхои катъи ва занни (далелхои шаръии мазхаби ханафи).


Ба таври умум уламои ҳанафӣ далелҳои шаръиро ба эътибори санадашон ва бинобар ҳукми амал ё тарку инкор карданашон дар чаҳор мартаба қарор доданд ва аҳкоми фарзу воҷиб ва суннату мустаҳабро мутобиқи ин мартабаҳои далелҳо баровардаанд:

  1. Қатъиюссубут ва қатъиюддалолат.
  2. Қаъиюссубут ва занниюддалолат.
  3. Занниюссбут ва қатъиюддалолат.
  4. Занниюссбут ва занниюддалолат.

Чунин тақсимот барои осон шудани донистани дар мартабаи фарз ё воҷиб ё суннат ё мустаҳаб будани ҳукм ва инчунин барои донистани фисқ ё куфр будани инкори ҳукми мазкур мусоидат мекунад.


1.Қатъиюссубут ва қатъиюддалолат. Мурод аз қатъи будани субут мутавотир будани санад ва мурод аз қатъӣ будани далолат қатъан ба як маънои мушахас далолат кардани оят ва ҳадис аст. Ин мавзӯъ дар “Аршифи мултақои аҳли тафсир” чунин баён шудааст:

“وفي أرشيف ملتقى أهل التفسير -ص: – أ – قطعي الثّبوت والدّلالة، كبعض النّصوص المتواترة التي لم يختلف فيها، كقوله تعالى: {تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ} (البقرة: 196)

“Далели қатъӣ аз дидгоҳи субут, яъне санади мутавотир ва қатъӣ аз дидгоҳи далолат мисли оятҳо ва аҳодиси мутавотиреанд, ки дар масъалаи ба чи далолат карданашон дар байни уламо ҳеҷ ихтилофе нест. Мисли ояти 196 сураи “Бақара”:Ин як даҳаи тамом аст”.

Ин ояти Қуръон аст, ки мисли тамоми оятҳояш бо санади мутавотир мебошанд ва аз ин ҷиҳат субути санадаш қатъист. Ояти мазкур бар даҳ рӯз рӯза гирифтан барои касе ҳангоми ҳаҷ қодир ба ҳадй куштан нест, қатъан далолат мекунад ва дар ин ҳеҷ ихтилофе нест. Пас субут ва далолати ин оят қатъӣ мебошад ва аз ҷумлаи далелҳои қатъиюссубут ва қатъиюддалолат аст.

Аз чунин ояту аҳодис ҳукми фарз собит мешавад ва агар касе даҳ рӯз будани он рӯзаро инкор бикунад ояти қатъиро инкор кардааст ва ҳукми куфрро мегирад.


2.Қатъиюссубут ва занниюддалолат. Ин мавзӯъ дар масдари собиқ чунин омадааст:

“وفي أرشيف ملتقى أهل التفسير -ص: – أ  – وقطعي الثبوت ظني الدّلالة، كبعض النّصوص المتواترة الّتي يختلف في تأويلها.

“Қатъиюссубут ва занниюддалолат, монанди баъзе оятҳои Қуръон ва аҳодиси мутавотир, ки  чӣ будани мадлулашон қатъӣ набуда ва дар он ихтилоф аст”.

Дар инҷо метавон бо ояти 228 сураи “Бақара” истидлол кард, ки чунин аст:

{وَالْمُطَلَّقَاتُ يَتَرَبَّصْنَ بِأَنْفُسِهِنَّ ثَلَاثَةَ قُرُوءٍ….} )البقرة : 228(

“Ва занони талоқшуда (бояд) хештанро то се қуръ (ҳайз ё покӣ) дар интизор нигаҳ доранд…”.

Ин ояти карима мисли тамоми дигар оятҳои Қуръон қатъиюссубут мебошад, вале далолат ба як маънои қатъӣ намекунад. Зеро дар луғати араб калимаи “қуръ” ба ду маъно меояд; маънои ҳайз ва покӣ. Аз ҳамин ҷиҳат уламо дар маънои он ихтилоф намуда ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо мурод аз он се ҳайз аст мегӯяд ва шофеъиҳо ва моликиҳо се покист мегуянд.

Аз чунин оятҳо уламои ҳанафӣ ҳукми воҷибро истихроҷ мекунанд, яъне бар чунин зан се ҳайз итизорӣ кашиданро воҷиб мегӯянд. Аммо инкори се қуръ, аз ҷиҳати бо санади мутавотир собит буданаш куфр аст, валекин инкори айни се ҳайз ё айни се туҳр, яъне покии дар байни ду ҳайз ба сабаби қатъӣ набуданаш, яъне заннӣ буданаш, бо чунин инкор уламои ҳанафӣ ҳукм ба куфр намекунанд.


3.Занниюссбут ва қатъиюддалолат. Мурод аз ин ончи дар аҳодиси оҳод ривоят шудааст, вале бар як амри қатъӣ далолат мекунанд. Монанди аҳодиси оҳоди дар мавриди намози витр далолаткунанда, ки чунин мебошанд:

1-Дар ривояти “Сунани Абудовуд” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

«الْوِتْرُ حَقٌّ عَلَى كُلِّ مُسْلِمٍ…”.(كذا في سنن أبي داود – 2 / 62- 1422 -عَنْ أَبِي أَيُّوبَ الْأَنْصَارِيِّ،قَالَ:قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: وحكم المحقق:صحيح”(.

“Витр бар ҳар мусулмоне ҳақ (воҷиб) аст”.

Дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“إِنَّ اللهَ زَادَكُمْ صَلَاةً، وَهِيَ الْوِتْرُ، فَصَلُّوهَا فِيمَا بَيْنَ صَلَاةِ الْعِشَاءِ إِلَى صَلَاةِ الْفَجْرِ “. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة – 39 / 271/ 23851 – حَدَّثَنِي ابْنُ هُبَيْرَةَ، عَنْ أَبِي تَمِيمٍ الْجَيْشَانِيِّ، أَنَّ عَمْرَو بْنَ الْعَاصِ، خَطَبَ النَّاسَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ فَقَالَ: إِنَّ أَبَا بَصْرَةَ حَدَّثَنِي أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:  إسناده صحيح، ).

“Ҳамоно Аллоҳ барои шумо намозеро изофа кард ва он намози витр аст. Онро дар вақти мобайни намози хуфтан то намози бомдод бигузоред”.

Ин ду ҳадиси мазкурро санадашон оҳод, яъне занниюссубут аст, вале далолат карданашон бар воҷиб будани намози витр қатъиюссубут аст. Аз ҳамин ҷиҳат уламои ҳанафӣ намози витрро мисли панҷ вақт намоз, ки бо санади қатъиюссубут ва амри қатъиюддалолат собит мебошад фарз нагуфта, балки намози витрро воҷиб ҳукм кардаанд.

Ин мавзӯъро Мавлоно Абдулҳайи Лакнавӣ дар “Таълиқи мумаҷҷад” чунин баён кардааст:

“من المعلوم أن المزيد يكون من جنس المزيد عليه، فيكون الوتر كالمكتوبة التي فرضها الله تعالى، لكن لما كان ثبوته بأخبار آحاد قلنا بوجوبه دون افتراضه”.(كذا في التعليق الممجد على موطأ محمد – 1 / 576)

“Ҳувайдост, ки дар ҳадиси “Ҳамоно Аллоҳ барои шумо намозеро изофа кард…” изофа кардашуда, яъне намози витр аз ҷинси он намозҳоест, ки бар онҳо изофа карда шудааст. Пас бояд намози витр мисли бақияи намозҳо фарз бошад, валекин ҳангоме бо ривояти оҳод ривоят шудаааст, мо намози витрро воҷиб гуфтем ва фарзаш ҳукм накардем”.


4. Занниюссубут ва заниюддалолат. Дар ин навъи далелҳо аҳодиси оҳоде, ки ба як маънои қатъӣ далолат намекунанд  дохил мебошанд. Он аҳкоме, ки аз чунин аҳодис собит мешавад ҳукми суннат ё мустаҳабро мегиранд.

Ба таври мисол дар ривояти “Сунани Дорамии Самарқандӣ” бо санади ҳасан Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:

“لَا وُضُوءَ لِمَنْ لَمْ يَذْكُرِ اسْمَ اللَّهِ عَلَيْهِ”.  (كذا في سنن الدارمي -1/ 542- 718 – أَخْبَرَنَا عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ سَعِيدٍ، حَدَّثَنَا أَبُو عَامِرٍ الْعَقَدِيُّ، حَدَّثَنَا كَثِيرُ بْنُ زَيْدٍ، حَدَّثَنِي رُبَيْحُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيُّ، عَنْ أَبِيهِ، عَنْ جَدِّهِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:…. وفي تعليق المحقق: إسناده حسن)

“Нест вузӯ барои шахсе, ки бисмиллоҳ нагуфтааст”.

Санади ин ҳадис хабари оҳод аст ва онро уламои ҳанафӣ ҳамчун  далели занниюссубут қарор медиҳанд ва зоҳири лафзаш ба як маънои қатъӣ далолат намекунад ва дар ҳамин асос далолаташро ҳукми занниюддалолат медиҳанд. Зеро лафзи ҳадиси мазкур ба ду маъно далолат мекунад:

1- Ба маънои ба таври куллӣ дуруст нест, яъне ботил аст вузӯи касе, ки бисмиллоҳ нагуфтааст.

2-Ба маънои вузӯи комил нест, яъне ноқис аст вузӯи касе, ки бисмиллоҳ нагуфтааст.

Дар ояти фарз шудани вузӯ, яъне дар ояти шашуми сураи “Моида” ва дар ривояти ровиёни вузӯи Пайғамбар (с)-ро ривоят карда зикри бисмиллоҳ наомадааст ва аз инҷо дониста мешавад, ки мурод маънои дуввуми ҳадиси мазкур, яъне вузӯи комил нест мебошад.

Бо чунин ҳадис аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ суннат будани бисмиллоҳ гуфтан ҳангоми вузӯ собит мешавад, на фарзу воҷиб буданаш.

Уламои ҳанафӣ аз ҳавову ҳаваси худ дар байни далелҳои санадашон ҳукми қатъиюсубут ва занниюссубут дошта фарқ нагузоштаанд, ки инкори далели қатъиюссубутро куфр бидонанд ва инкори занниюссубутро фисқи мустаҳиқи дӯзах, балки бо назари дақиқ дар маъно ва мафҳуми ҳадисҳои воридшуда чунин назар додаанд.

Чуноне медонем аҳли бидъат ва залолат, мисли хавориҷ, муътазила ва ғайра аксари ончиро бо ҳадиси оҳод собит шудааст, мисли азоби қабр, пули сирот ва ғайраро мункир мебошанд ва ин умурро сароҳатан инкор мекунанд. Бо вуҷуди ин дар ҳадиси ривоятшуда дар “Сунани Ибни Моҷа” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) онҳоро аз ҷумлаи умматонаш хондааст. Чуноне мефармояд:

“إِنَّ بَنِي إِسْرَائِيلَ افْتَرَقَتْ عَلَى إِحْدَى وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، وَإِنَّ أُمَّتِي سَتَفْتَرِقُ عَلَى ثِنْتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، كُلُّهَا فِي النَّارِ، إِلَّا وَاحِدَةً وَهِيَ: الْجَمَاعَةُ “.  (وفي سنن ابن ماجه -2/ 1322 3993 –  – عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: …في الزوائد إسناده صحيح. رجاله ثقات. وحكم المحقق: صحيح ).

“Ҳамоно Бани Исроил ба ҳафтоду як фирқа тафриқа шудаанд ва бидуни шак уммати ман ба ҳафтоду ду фирқа тафриқа хоҳанд шуд, ки ба ҷуз як фирқаи онон, ки ҷамоъат аст, ҳамагӣ дохили дӯзах мешаванд”.

Пас агар бо вуҷуди ҳадисҳои оҳодро қабул накарданашон аз уммати исломӣ будан хориҷ нашуда бошанд, ин далели возеҳи ҳукм ба куфр накардан ба сабаби инкори ҳадиси оҳод далолат мекунад.


Фарқи аҳли суннат аз аҳли бидъат (шиа, муътазилия, хавориҷ)

Чор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат (шарҳи Чоркитоб)

Сомона барои донишомӯзон

Мақолаи қаблӣФарқи аҳли суннат аз аҳли бидъат (шиа, муътазилия, хавориҷ)
Мақолаи баъдӣМашруъ ва ғайри машруъ (фарз, воҷиб, сунат, макруҳ, ҳаром)