Фарки дусти нони аз дусти чони

0

Фарқи дӯсти нонӣ аз дӯсти ҷонӣ бо якчанд факту далел ва ҳолатҳои муҳими зиндагии мо >>

дусти, дусту душман, душмани дуст

Дӯсти нонӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад гиряи туро бубинад.

Дӯсти ҷонӣ китфонашро аз гиряи ту тар хоҳад кард.

Дӯсти нонӣ номи волидайни туро намедонад.

Дӯсти ҷонӣ рақами телефони онҳоро медонад.

Дӯсти нонӣ дар даст шоколад барои меҳмонӣ меояд.

Дӯсти ҷонӣ тезтар ба кӯмаки ту меояд ва то дер вақт барои ба тартиб овардан мемонад.

Дӯсти нонӣ аз дер телефон кардани ту дилгиру нороҳат мешавад.

Дӯсти ҷонӣ мепурсад, ки чаро дер боз занг назадӣ?

Дӯсти нонӣ муаммои туро шуниданро дӯст медорад.

Дӯсти ҷонӣ барои ҳалли онҳо кӯшиш мекунад.

Дӯсти нонӣ монанди як меҳмон амал мекунаду интизор мешавад, ки ӯро ба хонаат даъват кунӣ.

Дӯсти ҷонӣ ҳар вақте ки хост ба суроғи ту меояд.

Дӯсти нонӣ фикр мекунад, ки пас аз муддате дӯстии шумо ба анҷом мерасад.

Дӯсти ҷонӣ медонад, ки бо гузашти вақт дӯстиятон мустаҳкамтар мешавад.

Дӯсти ҷонӣ касест, ки вақте ҳама туро партофта рафтанд, бо ту мемонад.

Тарҷума. (https://t.me/Farhodzod)


Мақолаи қаблӣVIP чӣ маъно дорад?
Мақолаи баъдӣДуо барои тандурустӣ ва иззату обру