Пиёдагардӣ. Оё медонед?

0

Муфид будани роҳгардиро олимон дер боз таъкид медоранд. Он на танҳо баданро, балки мушакҳоро ҳам мустаҳкам мекунад. Олимони Донишгоҳи амрикоии Ню – Мексико (NMHU) маълум карданд, ки дар вақти роҳгардӣ ҷоришавии хун ба мағзи сар фаъол шуда, зудии кашиши дил мӯътадил мегардад.

Онҳо фишори 12 ихтиёриро ҳангоми роҳгардии фаъол санҷида, аз назорати тиббӣ гузаронданд. Муайян шуд, ки ҷоришавии хун ба мағзи сар ҳангоми роҳгардӣ дар қисми бештари онҳо мушоҳида мешавад. Олимон қайд карданд, ки ин нисбат ба давидан камтар, вале назар ба дучархасаворӣ манфиатноктар аст.

Чанде пеш кормандони илмии Донишгоҳи Глазгои Британияи Кабир маълум карданд, ки дучархасаворӣ хавфи инкишофи саратон ва бемориҳои дилро 50 дарсад кам мекунад. Ба андешаи онҳо, сайр бо дучарха метавонад эҳтимоли марги пешазмаҳалро то 41 дарсад кам намояд.

Мақолаи қаблӣҚонунҳои хандаовари мамлакатҳо
Мақолаи баъдӣҶангҳои хунхортарин дар таърихи инсоният

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед