Саҳобишиносӣ – Сахобахои Мухаммад (с) – Шарҳи Чоркитоб

0

Саҳобишиносӣ


1-Маънои луғавии саҳобӣ.  Саҳобӣ аз калимаи суҳбат гирифташуда ба маънои мусоҳиб, яъне ҳамсуҳбат ва ҳамнишин аст. Аз ҳайси маънои луғавӣ касе як дақиқа ҳам бо Пайғамбар (с) ҳамсуҳбат шуда бошад ва ё ҳамнишин шудааст ва ё ӯро дида бошад, саҳобӣ аст.

2-Саҳобӣ аз дидгоҳи шариъат.

1-Аз дидгоҳи шариъат саҳобӣ ашхосе мебошанд, ки дар ҳоли мусулмон буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, яъне он ҳазратро дидаанд ва ин оламро дар динашон собитқадам падруд гуфтаанд.

2-Ашхосе, ки дар ҳоли мусулмон буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд  ва дар динашон собит намонда  муртад шудаанд, валекин дар даврони ҳаёти Пайғамбар (с) дубора мусулмон шудаанд. Ба таври мисол саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Саъд ибни Абусарҳ замоне муртад шуда буд, вале дар ҳаёти Пайғамбар (с) дубора мусулмон шудааст ва баъди мусулмон шуданаш хидматҳои зиёдеро анҷом додааст ва ин бузургвор фотеҳи Африқо аст.

3-Ашхосе, ки бо вуҷуди мулоқот карданашон Пайғамбар (с)-ро саҳобӣ намебошанд:

1- Ашхосе, ки бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, валекин мусулмон нашуданд ва бар куфру ширк вафот кардаанд.

2- Ашхосе, ки дар ҳолати кофир буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд ва баъди вафоти он ҳазрат мусулмон шудаанд.

3-Ашхосе, ки дар ҳолати мусулмон буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, валекин аз дин баргаштанд ва дар ҳолати куфрашон вафот кардаанд.

3-Ашхосе, ки дар саҳобӣ буданашон ихтилоф аст.

1- Ашхосе, ки дар ҳолати мусулмон буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, валекин қабл аз вафоти Пайғамбар (с) ва ё баъди вафоти он ҳазрат муртад шуданд ва аз дин хориҷ шуданд, вале баъди гузаштани замоне  дубора мусулмон шудаанд.

Аз дидгоҳи имомон Абуҳанифа ва Шофеъӣ раҳимаҳумуллоҳ саҳобӣ будани чунин ашхос ба сабаби муртад шуданашон ботил шудааст ва ончи ботил шудааст дубора бар намегардад. Аммо аз дидгоҳи имоми илми риҷол Имом Абулфазл Асқалонӣ машҳур бо номи Ҳофиз ибни Ҳаҷар дубора саҳобӣ маҳсуб мешавад. Ба таври мисол Ашъас ибни Қайс ва Тулайҳаи Асадӣ дар ҳолати мусулмон буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, вале баъди вафоти он ҳазрат муртад шудаанд.

Ашъас баъди вафоти Пайғамбар (с) дар даврони хилофати ҳазрати Абубакр ва Тулайҳа дар даврони хилофати ҳазрати Умар дубора мусулмон шудаанд. Аз дидгоҳи имомон Абуҳанифа ва Шофеъӣ Ашъасу Тулайҳа ва амсоли онҳо саҳобӣ намебошанд, валекин аз дидгоҳи Ҳофиз ва бақияи имомони илми риҷол саҳобиянд ва ному тарҷимаи ҳолашонро дар китобҳои табақот дар зумраи асҳоби киром дарҷ кардаанд.

2-Ашхосе, ки дар ҳолати муваҳҳид буданашон бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд, вале қабл аз оғози даъвати ба ислом вафот кардаанд. Ибни Навфал ва Зайд ибни Амр аз ин қабил мебошанд.

3-Ҷинҳое, ки бо Пайғамбар (с) мулоқот кардаанд саҳобӣ маҳсуб мешаванд ё не? Дар ин масъала ҳеҷ далели равшане зикр нашудааст ва саҳобӣ буданашон аз эҳтимол дур нест. Зеро рисолати Муҳаммад (с) ба инсу ҷин нигаронида шудаанд ва онҳо низ мисли инсонҳо мусулмон шудаанд ва шарафи саҳобӣ буданро касб кардаанд.


ФАРҚИ САҲОБАГОН АЗ ПАЙҒАМБАРОН

1- Пайғамбарон дар мақому мартабаи аввали башарӣ қарор доранд ва саҳобагонашон баъди онҳо дар мақоми дуввум.

2- Пайғамбарон алайҳимуссалом иртибот бо ваҳйи илоҳӣ доранд ва ба онҳо ваҳйи карда мешавад, валекин саҳобагон иртибот ба ваҳйи надоранд ва ба онҳо ваҳйи карда намешавад.

3- Пайғамбарон алайҳимуссалом дар расонидани аҳкоми дин маъсум ва маҳфузи аз хатоанд, вале саҳобагон маъсум намебошанд ва дар таблиғи шариъат сар задани хато аз онҳо имкон дорад.

4- Пайғамбарон алайҳимуссалом шореъ, яъне соҳиби шариъат мебошанд ва бо иҷозат ва амри Аллоҳ таоло баъзе ашёро ҳалол ва баъзе дигарашро ҳаром ва баъзе ҳукмҳои шариъатро мансух ва ҳукми баъзе дигарашро тағйир медиҳанд, вале саҳобагон шореъ намебошанд ва чунин ҳуқуқ надоранд ва ҳеҷ чизеро аз пеши худ ҳалол ё ҳаром карда ва ё мансух кардаву тағйир дода наметавонанд.

5- Пайғамбарон барои таъйид ва тасдиқи пайғамбарияшон бо мадад ва ёрии Аллоҳ таоло ҳар замоне бихоҳанд ва ё аз онҳо талаб карда шавад корҳои фавқулодаеро нишон медиҳанд, ки онҳоро муъҷиза меноманд ва ғайри пайғамбарон аз зоҳир кардани чунини муъҷизаҳо оҷизу нотавонанд.

Аз баъзе саҳобагон ва авлиёуллоҳи ғайри саҳоба корҳои фавқулодае зоҳир шудааст ва дар ҳар замоне Аллоҳ таоло бихоҳад, то рӯзи қиёмат, зоҳир мешавад ва онро каромот мегӯянд, вале каромоти авлиё бо вуҷуди кори фавқулода буданаш мисли муъҷизаи пайғамбарон нест. Зеро муъҷиза бо ихтиёри пайғамбарон ва ҳар замоне бихоҳанд зоҳир мешавад, вале каромот бидуни ихтиёри саҳобӣ ва валӣ  зоҳир мешавад. Чун авлиё иртибот бо ваҳйи надоранд ҳар замоне бихоҳанд ва ё аз онҳо талаби каромот карда шавад каромот нишон дода наметавонанд, балки замоне Аллоҳ таоло муносиб бубинад аз авлиё каромот зоҳир мешавад.

6-Баъзе хобҳои пайғамбарон ваҳйи илоҳӣ мебошанд ва дар хобашон дастур ба амале дода мешаванд ва он амал барои пайравонашон ҳукме аз аҳкоми шариъат аст. Аммо хоби саҳобагон ваҳйи намебошад ва он метавонад мужда ва башорат бошад, ки сабаби тақвияти имон ва ихлосашон мешавад.

7-Пайғамбарон алайҳимуссалом аз гирифтор шудан ба куфру ширк ва содир кардани гуноҳони кабира маҳфуз мебошанд, вале саҳобагон аз ин умур маҳфуз намебошанд ва гирифтор шудан ба куфру ширк ва содир кардани гуноҳи кабира онҳоро таҳдид мекунад.


ФАРҚИ САҲОБАГОН АЗ БАҚИЯИ УММАТ

1-Ба хилофи бақияи уммат авсофи неки саҳобагон дар Қуръони карим ва Тавроту Инҷил омадааст.

2- Ба хилофи бақияи уммат саҳобагони Пайғамбар (с)-ро бо чашми сар дидаанд ва ӯро дар роҳи интишори дин ҳамроҳӣ ва ёрӣ кардаанд ва шогирдони мадрасаи нубувват мебошанд.

3-Ба хилофи бақияи уммат дӯст доштани саҳобагон ин дӯст доштани Пайғамбар (с) ва бад диданашон бад дидани он ҳазрат аст.

4- Ба хилофи бақияи уммат саҳобагон садрнишини хайрулқурун, яъне пешвоёни асрҳои тилогини исломанд ва шахсияти ҳамаи онҳо одил ва сиқаву муътамад дониста мешаванд ва ҳеҷ кадомашон зарурат ба тасдиқу шаҳодати дигарон барои сиқаву муътамад ва одил буданаш надорад.

5- Ба хилофи бақияи уммат дӯст доштани саҳобагон аломати аз аҳли суннат будан ва бад диданашон аз нишонаҳои аз аҳли бидъат ва залолат будан аст.

6- Ба хилофи бақияи уммат ақида ва сирати саҳобагон ҳамчун ақида ва сирати “Сироталлазина анъамта алайҳим” дониста мешавад ва пайравӣ аз онҳо дар ин роҳ матлуб аст.

7- Ба хилофи бақияи уммат розӣ будани Аллоҳ ва Расулаш аз асҳоби киром дар Қуръон ва Суннат собит аст, ҳамчуноне биҳиштӣ будани баъзе шахсиятҳои маълуми асҳоби киром дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст.


ФАЗИЛАТИ САҲОБАГОН

1- Касе саҳобагонро дӯст медорад, Аллоҳ таоло вайро дӯст медорад ва касе саҳобагонро бад мебинад, Аллоҳ таоло вайро бад мебинад. Дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) дар мавриди саҳобагони ансор, яъне саҳобагони аз аҳолии Мадина чунин гуфтааст:

“عن البَرَاءَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:«الأَنْصَارُ لاَ يُحِبُّهُمْ إِلَّا مُؤْمِنٌ، وَلاَ يُبْغِضُهُمْ إِلَّا مُنَافِقٌ، فَمَنْ أَحَبَّهُمْ أَحَبَّهُ اللَّهُ، وَمَنْ أَبْغَضَهُمْ أَبْغَضَهُ اللَّهُ» (كذا في صحيح البخاري -5/ 323783)

“Ансорро ба ҷуз муъмин каси дигаре дӯст намедорад ва ба ҷуз мунофиқ каси дигаре бад намебинад. Пас касе ансорро дӯст бидорад Аллоҳ вайро дӯст медорад ва касе ансорро бад бубинад, Аллоҳ вайро бад мебинад”.

2-Вуҷуди саҳобагон сабаби дар амон будани дину ақидаи мусулмонон аз инҳирофҳои аҳли бидъат ва залолат аст. Чуноне медонем аксари гуруҳҳои бидъат ва залолат баъди вафоти саҳобагон ҳамчун мазҳаб буруз кардаанд ва ташаккул ёфтаанд. Аммо дар даврони ҳаёти асҳоби киром танҳо ашхоси парокандаи мунҳариф буданд ва саҳобагон намегузоштанд, ки онҳо сар бароранд. Муҳорибаҳои ҳазрати Алӣ ҳамроҳи саҳобагон бар муқобили тоифаи хавориҷиҳо ва шикаст хурдани он тоифаи залолат шоҳиди ҳол аст.  Аз ҳамин ҷиҳат Пайғамбар (с) дар ривояти“Саҳеҳи Муслим”чунин гуфтааст:

عَنْ ابي موسى الأشعري رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «النُّجُومُ أَمَنَةٌ لِلسَّمَاءِ، فَإِذَا ذَهَبَتِ النُّجُومُ أَتَى السَّمَاءَ مَا تُوعَدُ،وَأَنَا أَمَنَةٌ لِأَصْحَابِي،فَإِذَا ذَهَبْتُ أَتَى أَصْحَابِي مَا يُوعَدُونَ،وَأَصْحَابِي أَمَنَةٌ لِأُمَّتِي، فَإِذَا ذَهَبَ أَصْحَابِي أَتَى أُمَّتِي مَا يُوعَدُونَ (كذا في صحيح مسلم -4/ 1961-207 – 2531)

“Ситораҳо амон ва нигаҳбони осмонанд, чун ситораҳо аз байн бираванд бар сари осмон ончи меояд, ки хабар дода шудааст. Ман амон ва нигаҳбони саҳобагони худам мебошам ва чун вафот бикунам бар сари саҳобагонам ончӣ меояд, ки хабар дода шудаанд. Саҳобагони уммати ман амон ва нигаҳбони умматам мебошанд ва чун саҳобагон аз байн бираванд бар сари умматам ончи меояд, ки хабар дода шудаанд”.

Пайғамбар (с) саҳобагонашро аз вуқуи ихтилофҳо дар байнашон хабар дода буданд ва баъди вафоташ он ихтилофҳо воқеъ шуданд. Пайғамбар (с) умматашро аз фитнаву тафриқаҳо хабар дода буданд ва он тафриқаҳо баъди аз байн рафтани саҳобагон воқеъ шуданд ва ин ҳадиси саҳеҳ бар фазилату бузургии онҳо бар бақияи уммат далолат мекунад.


ҲУКМИ ДАШНОМИ САҲОБАГОН

Дар ҳадисҳои гузашта Пайғамбар (с) хабар додаанд, ки мунофиқон ансорро бад мебинанд ва чуноне медонем мунофиқони Мадина саҳобагони ғайри ансорро, ки аз Макка ва дигар шаҳрҳо ба онҷо омада буданд бештар бад медиданд. Пас мурод аз ансор дар ҳадисҳои гузашта як тоифаи мушаххаси асҳоби киром набуда, балки тамоми асҳоби киром мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат уламо дар масъалаи дашном додани саҳобагон дар байни ансорӣ ва ғайри ансорӣ будани онҳо ҳеҷ фарқе нагузоштаанд ва чунин ҳукмҳо кардаанд:

1-Имом Молик мегӯяд: “Касе саҳобагони Пайғамбар (с)-ро дашном медиҳад, аз ислом ҳеҷ баҳрае надорад”.

2-Абузаръаи Розӣ мегӯяд: Ҳар вақто касеро диди, ки аз яке аз саҳобагон айбҷӯӣ мекунад, бидон вай зиндиқ аст.

3-Имом Абуҳанифа дар ривояти Ибни Абдулбар ақидаи аҳли суннатро нисбат ба саҳобагон баён намуда чунин гуфтааст:

 “Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат бар ин аст, ки ҳазрати Абубакру Умар ва Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум аҷмаъинро бар бақияи саҳобагон бартар бидонӣ ва аз ҳеҷ кадом саҳобагони Пайғамбар (с) айбҷӯӣ ва бадгӯӣ макунӣ”.


Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Аҳлибайтшиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣФарқи саҳобагон аз пайғамбарон