Дар рӯйи замин ҳеҷ илме алоҳида нест. Илмҳо гарчанде мубраму даркору зарурӣ низ бошанд ба якдигар алоқамандии зич доранд. Ҳар кадоми онҳо дар худ аҷибиҳову таърихи пайдоишу қонуну қоидаҳои хоси худро доро мебошанд.
Бе донистани математика омӯзиши химияву физика бисёр душвор аст. Ё физика намебуд ин қадар қонуну қоидаҳои зиндагӣ низ вуҷуд намедоштанд. Физика буд, ки Нютон қонуни якуму дуюму сеюмашро паҳн кард. Хизматҳои Алберт Эйнштейн ва Майкл Фарадей физикони машҳур дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт шудаанд.
Дар ҳақиқат илми физика барои тамоми мардум ҳамчун фанни зарурӣ ба ҳисоб меравад ва ба сафи илмҳои дақиқ шомил шудааст. Дар ин ҷо ҳоло Шуморо бо якчанд ихтирооти физикони машҳӯр ошно хоҳем кард.

Майкл Фарадей – олими машҳур, физик ва химики англисе мебошад, ки аввалин маротиба майдони магнитиро кашф намудааст.
Ба ақидаи Демокрит чор унсури асосии табиат об, хок, ҳаво ва оташ аз атомҳо ташкил ёфтаанд. Инчунин олими машҳур бар он ақида аст, ки бори нахуст моддаҳо низ аз атом пайдо шудаанд . Пас, дар ҳақиқат ҳастии атом масъулияти баландеро бар ӯҳда дорад.
Дар илми физика ҳароратро бо ҳароратсанҷ, ки бо истилоҳи физикӣ термометр мегӯянд, чен мекунанд. Аввалин маротиба ҳароратсанҷро физики машҳур Галилео Галилей дар охири асри XVI кашф намудааст.
Исаак Нютон олими машҳури англис, ки дар бунёд ёфтани илми физика нақши муҳимеро бозидааст. Нютон қонунҳои асосии механикаи классикиро шакл додааст. Кашфи конуни ҷозибаи ҷахонӣ, кашфи таҷзияи нури сафед, эҷоди назарияи заррагии нур, таҳияи хисобҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ ва чандин кашфиёти дигар бо номи ӯ алоқаманд аст. Хулосаҳои илмие, ки Нютон ба даст овардааст, дар таърихи табиатшиносӣ , аз ҷумла дар таърихи физика, бағоят муҳиманд, зеро мақоми бунёдӣ доранд.
Паскал Блез (1623-1662) – риёзидон, физикдон ва файласуфи фаронсавӣ . Бо таҳсили хонагӣ дар риёзиёт ва физика бисёр моҳир гардида будааст. Дар физика ӯ қонуни ба ҳама су бе ҳеҷ гуна тағйирот дода шудани фишори ба моеъ расидаро кашф кардааст. Ин қонун қонуни Паскал ном дорад.
Боз кадом кашфиёти олимони машҳури физикаро медонед? Дар шарҳ нависед, то ҳамагон донанд.
Keywords: аввалин маротиба майдони магнитиро ки кашф кардааст?, термометрро ки кашф кардааст, конуни паскал дар физика, бо забони точики, суйи дониш, donish su



“Аввалин маротиба ҳароратсанҷро физики машҳур Галилео Галилей дар охири асри XVI кашф намудааст.”
Маротибаи дуюм ҳам ягон кас кашф карда бошад-а, вақте Галилей АВВАЛИН МАРОТИБА онро кашф кардааст???
Бо пешрафти ҷомеа дигар намудҳои ҳароратсанҷро кашф намудаанд, аммо идеяи кашфи он ба Галилео Галилей мансуб аст.
Аҷоиб