Аз китоби «Фарқи зан аз компютер», ки барои донишҷӯёни факултаҳои техникӣ тавсия шудааст.
САВОЛ: Чаро компютер аз баъзе духтарон беҳтар аст?
Ҷавобҳо >>>>
Вирусҳои компютерӣ ба Шумо намегузаранд;
Бе антивирус ҳам компютерро кор фармудан мумкин аст;
Компютер ваъдаҳои хушку холӣ намедиҳад. Ҳар кореро, ки метавонад, дар дастураш навишта шудааст;
Барои он ки мардҳои дигар аз компютери Шумо истифода набаранд, ба он парол мегузоред;
Ба компютер туҳфаҳои қимат нахаред ҳам, боз вайро озодона кор мефармоед, вай қаҳр намекунад;
Барои хушрӯ ба назар расидани компютер кофист, ки онро бо як латтача ё салфеткачаи нам пок кунед;
Компютер ҳеҷ гоҳ ба Шумо намегӯяд, ки «ман хаста шудам, биё, пагоҳ…»;
Агар Шумо бо ёрии компютер пул кор кунед, вай миннат намекунад, ки «Ту аз рӯи ман соҳиби пулу мол шудӣ…» ;
Агар фурӯшанда ба Шумо компютери вайронаро фурӯхта бошад, боз албатта мегирад ва навашро медиҳад. Ғайр аз ин ҳоло ҳама компютерҳо аз 1 то 3 сол «гарантия» доранд;
Агар компютер ба дилатон зад, метавонед онро хомуш карда, ҳатто бурда ба анҷомхона партоед. Барои ин касе Шуморо гунаҳкор намекунад.
Аз блоги subhonjalilov.wordpress.com
ИНЧУНИН ХОНЕД >>