Фақат мо… (шухиҳои тоҷикона)

0

Таджикская семья, таджикские пары, пара Таджикистан

Фақат мо …

Фақат мо – Ҳангоми  фарзанддор шудан дар бораи ӯ неву дар бораи ин фикр мекунем,  ки ба момодоя чанд сомонӣ диҳем!

Фақат мо – язнаҳоямонро бад мебинем.

Фақат мо – худамон рафта хушдомонамонро ба хонаамон меорем, ки кӯдаконамонро нигоҳубин кунанд.

Фақат мо – пули бисёр ёбем,  ду ва ё се зан мегирем.

Фақат мо – дар гармии 40 дараҷа ҳам чои гарм менӯшем.

Фақат мо – дар таваллудхона аз занҳо мепурсем, ки «шавҳарат чӣ кор аст?»

Фақат мо – бо як суруд «ситора» мешавем.

Фақат мо – дар туйҳо агар барранда набошад,  ӯро мекобем,  вале агар бошад,  умуман гушаш намекунем.

Фақат мо – сиру асрори хеле муҳимро ҳам якум аз даҳони «занҳои қадди об» мефаҳмем.

Шухиҳои тоҷикона аз www.DONISH.su

Фақат мо – аз бепулӣ ба Россия меравем,  камтар пул меёбем бо азоб, ва инҷо омада, барои ҷураҳоямон ва дугонаҳои занамон «ташкилӣ» мекунем.

Фақат мо – дар истироҳати меҳнатиамон «лою андова ва хиштрезӣ» мекунем.

Фақат мо – ба писарчаамон аз хурдӣ ёд медиҳем, ки «канӣ,  бачам, аката як ҳақорат кун…» ва баъд механдем.

Фақат мо – мехоҳем, ки донишҷӯи мо ҳам пахтачини биравад, ҳам пули шартномаро бидиҳад ва ҳам дониши хуб дошта  бошаду гапи хобгоҳро накушояд.

Фақат мо – пахтаро фурӯхта синтетика мехарем.

Фақат мо – ду носхалта дорем – якеш пур ва дигараш холӣ. Пураш барои худамон ва холияш барои мардум, ки нишон диҳем ва гӯем, ки «ина, ака, нос надорум..»

Фақат мо – ба муллои пешдарои намоз ё имом қолин медиҳему таги сари мурдаҳоямон хас мегузорем.

Фақат мо – галстукро танг баста, аз нотаи баландтарин сурудхонӣ мекунем.

Фақат мо – носро бас карда, ба сигор мегузарем ва ё баракс – сигорро партофтани шуда, ба нос мегузарем.

Фақат мо – дар эълони гурӯҳҳои рақсӣ менависем, ки «аз 18 то 25 сола бошад». Шояд барои он ки аз 18 сола поён ноболиғ асту аз 25 солааш боло аллакай донову ҳушёр?

Фақат мо – дар мошинҳои танги хитоӣ, ки 6 кас нафастанг мешавад, боз «кондуктор» мегирем.


Аз блоги subhonjalilov.wordpress.com


ИНЧУНИН ХОНЕД >>

Мақолаи қаблӣТамошои алокаи чинси – секси точики аз телефон (+12)
Мақолаи баъдӣФарқи зан аз компютер (шухиҳои тоҷикона)