Дар ин мақола маълумот дар бораи макрух муфсид ва харом, ки амалхои номашруъ мебошанд, оварда мешавад. Ба саволҳои Халолу харом, Харом чист? Чи чизхо харом мебошанд? Макрух чист? Ва дигар саволҳо ҷавоб хоҳед гирифт.

Ҳаром чист?
Он чизест, ки бо далели қатъӣ манъ карда шудааст. Ҳукми амали ҳаром ба сабаби тарк кардан савоб аст ва кардани он гуноҳи кабира аст. Ҳалол шуморидани ҳаром куфр аст, инчунин аксаш.
Амали ҳаром мисли арақ нушидан, зино кардан, падару модаронро норизогӣ кардан ва ғайра.
Макруҳ чист?
Он чизест, ки кардани он қабеҳ шуморида шудааст. Ҳукми макруҳ ба сабаби тарк кардан савоб аст ва ба сабаби кардан итоб аст.
Амали макруҳ мисли дар вақтҳои тулуъ, қиём ва ғуруби офтоб намоз гузоридан, ба дасти рост бинӣ афшонидан, дар мақоми истинҷо сухан гуфтан ва ғайра.
Муфсид чист?
Он чизест, ки ба сабаби кардани он намоз фосид шавад. Амали муфсид мисли намоз каломи дунёӣ задан, дар ҳолати рузадорӣ хурдан, ошомидан.
Ин ҳама амалҳои номашруъ буданд. Дар бораи амалҳои машруъ инҷо хонед >> Амалҳои машруъ – фарз, воҷиб, суннат …


