Тафсири Сураи Фил Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фил Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِاَصۡحٰبِ الۡفِيۡلِؕ ١
А-лам тара кайфа фаъала Раббука би асҳаби-л-фӣл. 1.
1. Оё надидӣ, ки чӣ гуна муомила кард Парвардигори ту ба асҳоби Фил?
Яъне, эй Муҳаммад (с) оё ба ту хабари чи гуна муомила кардани Парвардигорат ба асҳоби Фил, ки онҳо қасди таҷовуз кардан ба Каъбаи мушаррафаро доштанд, нарасид? Албатта, расид ва ту онро медонӣ, гӯё ба чашми худ мушоҳида карда бошӣ! Дар ин оят мурод аз “Асҳоби фил” (соҳибони фил) Абраҳа ва лашкари ӯст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «