Сураи Фил – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фил – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фил 105-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 5 оят иборат аст.

Ин сура аз қиссаи “Асҳоби фил”, ки онҳо қасди вайрон кардани Каъбаро доштанду, Худои таоло кӯшишу меҳнаташонро бар зиёни худашон гардонид, сухан мекунад. Ин воқеа дар соли 570-уми милодӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба соли таваллуди Он ҳазрат (с). мутобиқ аст.

Он вақт мардум интизори таваллуди паёмбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) буданд. Ин яке аз ҳодисаҳои бузургтарини таърих дар олам аст ва то охири олам боқӣ мемонад.

Дар ривоятҳо омадааст, ки ин воқеа дар соли таваллуди Расулуллоҳ (с) шуда гузаштааст. Бо ривояте 50-рӯз пеш аз таваллудашон. Он ривоят чунин аст: Дар шаҳри Яман ҳокиме буд бо номи Абраҳатул Ашрам. Ӯ дар вилояти Санъо ибодатхонае бунёд карду зиёраткунандагони “Байтуллоҳ”-ро ба зиёрати он бутхона бо зӯрӣ ҷалб карданӣ шуд. Ин нияти нопоки Абраҳаро шахсоне аз қабилаи “Кинона” гиҳои Ямании сокини шаҳри Макка шуниданд. Яке аз онҳо ба шаҳри Санъо омад ва дар вақти муносиб даруни он ибодатхона шуд ва меҳробу деворҳои онро бо наҷосат олонид ва пинҳонӣ аз он шаҳр шабона ғайб зад.

Ин воқеаро ба Абраҳа расониданд, ӯ дар хашму ғазаб шуда, қасам ёд намуд, ки рафта хонаи Каъбаро вайрон мекунам. Ӯ тайёрии сахт дид ва аскарони бисёре ҷамъ намуд. Абраҳа фили маҳмудиро, ки фили аз ҳама калонтарин буд дар пеши аскарон ҷой дода, ба сафар баромад.

Он ҳокими саркаши маслиҳатнодаро ба маслиҳати мӯйсафедону бохирадони мамлакати худ гӯш накарда ба раъйи худ кор сар кард. Қисса кӯтоҳ, ба назди Маккатуллоҳ расид. Дар он вақт сардори қавме, ки дар назди Байтуллоҳ зиндагонӣ мекард, бобои ҳазрати Расулуллоҳ (с) Абдулмуталлиб буд. Ӯ ба қавми худ амр кард, ки фардо аҳли Макка ҳама ба сӯйи кӯҳҳо фирор кунанд. Он қавм чунин ҳам карданд. Абдулмуталиб назди Байтушшариф омада, рӯ ба рӯйи он истода тавбаю тазаррӯъ намуда, ин дуъои аҷоибро қироат кард: “Эй Худованди Бузург, Худат медонӣ, ки ин малъун барои вайрон кардани хонаи Худат омадааст. Иродаи каримат чи хел ки бошад, ҳамон хел кун!. Мо ризоем дар он чӣ ки ту ризо бошӣ, эй Худованди меҳрубон!” Баъд ба назди қабилааш ба кӯҳ рафт.

Ба ривояте сарбозони Абраҳа якчанд даста чорпоёни Абдулмуталлибро гирифта бурданд. Абдулмуталлиб ба назди Абраҳа рафт. Ӯ дар қасрчаи худ нишаста буд, вақте ки Абдулмуталлибро дид аз курсии шоҳии худ фаромад, зеро Абдулмуталлиб шахси қавиҷуссаи қоматбаланду хушсурат буд ва ин ба Абраҳа маъқул шуда, ба тарҷумони худ гуфт: “Аз ӯ пурс чӣ ҳоҷат дорад,” Тарҷумон аз ӯ пурсид, ӯ гуфт: “Сарбозони шоҳ якчанд уштурони маро ба ғорат бурданд, ман онҳоро мехоҳам. “Абраҳа дар ҷавоб гуфт: “Ҳавсалаам аз ту гирифт, ман фикр кардам, ки ту аз ман вайрон накардани Каъбаро мепурсӣ, аммо ту уштурони худро мехоҳӣ.” Абдулмуталиб дар ҷавоб гуфт: “Уштурон, ки моли ман аст, ман моли худро мехоҳам, аммо ин хона, ки “Байтуллоҳ” аст, худаш соҳиб дорад ва соҳиби он онро муҳофизат мекунад.” Молашро гирифта баргашт.

Баъд аз он Абраҳа даст ба ҳуҷум зад ва фили маҳмудиро пеш андохт. Фил аз ҷояш бархоста рӯ ба сӯйи Каъбатуллоҳ намуду таъзим карду боз ба ҷояш хобид ва аз ҷояш ҳеҷ наҷунбид. Чун онро ба дигар тараф равон мекарданд, мерафт, аммо ба тарафи Байтуллоҳ намерафт. Дар ин ҳангом ногаҳон аз тарафи баҳр селаи паррандагон зоҳир шуд ва дар минқори ҳар яке аз онҳо сангча ва дар ду пояшон ду сангчае аз лои пухта болои сари Абраҳа ва сарбозони ӯ давр заданд. Он сангчаҳо ба ривояте миқдори нахӯд ё каме аз он калонтар буданд, вақто ки сангчаҳоро бар сари сарбозони Абраҳа мепартофтанд, баробари расидани сангчаҳо онҳо ҳалок мешуданд, чунки он сангчаҳо мисли тири аз камон баромада сахт ҳаракат мекарданд. Чун лашкари Абраҳа ин ҳолатро диданд, рӯ ба гурез ниҳоданд, лекин он паррандаҳо онҳоро думболгир намуда, ҳамаро ҳалок намуданд.

Абраҳа низ аз захми он сангчаҳо эмин намонд ва дар тани ӯ ҷароҳате пайдо шуда нохун ва ангуштонаш мисли чӯби пӯсида аз ҳам ҷудо шуда, мерехтанд ва бо ҳамин ранҷ, бо як илоҷе ба Санъо расида, бо азобҳои сахт дар он ҷо ҷон дод. Ин қисса барои ибратгирандагон дарси ибрат аст. Оятҳои зерин ин мазмунро таъкиду тафсил медиҳанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Фил «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳумаза Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фил Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)