
Таъсири гелос ба саломатии мо чи гуна аст?
Гелос, ки 8000 сол пеш ба инсоният қудрати мӯъҷиза бахшид, миқдори зиёди маводи ғизоӣ, витаминҳо ва минералҳоро дар таркибаш дорад.
Гелос аз витаминҳо низ бой мебошад. Он инчунин аз калтсий, оҳан, магний, фосфор, калий, натрий, ки дар раванди мубодилаи моддаҳои бадани мо муҳиманд, бой аст.
Дар айни замон, гелос дорои кислотаҳои органикӣ, сахароза (фруктоза, глюкоза), витаминҳои PP ва B6, микроэлементҳо, аз қабили йод, фтор, хром, никел, цинк, марганец, пектинҳо, флавоноидҳо, антоцианинҳо мебошанд, ки ба мустаҳкамшавии организм ва ба саломатии мо мусоидат мекунад.
Асали муфид ва шифобахшро аз гулҳои гелос, ки дар тирамоҳ мешукуфанд, ба даст меоранд. Занбӯрҳо аз як гектар гелос ба ҳисоби миёна 35 кило асали тоза ҷамъоварӣ мекунанд.
Меваи гелос дар тиб барои пешгирӣ ва табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад.
Аз ҷумла:
Гелос кори гурда ва ҷигарро беҳтар мекунад ва ба гардиши хун таъсири мусбат мерасонад.
Барои беморони гирифтори гипертония миқдори муфидтарин гелоси сурхи торик, ки аз пайвастҳои фаъол бой аст, дар як шабонарӯз 250-300 граммро ташкил медиҳад.


