Тафсири Сураи Фотир Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир Ояти 10
مَنۡ كَانَ يُرِيۡدُ الۡعِزَّةَ فَلِلّٰهِ الۡعِزَّةُ جَمِيۡعًا ؕ اِلَيۡهِ يَصۡعَدُ الۡـكَلِمُ الطَّيِّبُ وَالۡعَمَلُ الصَّالِحُ يَرۡفَعُهٗ ؕ وَالَّذِيۡنَ يَمۡكُرُوۡنَ السَّيِّاٰتِ لَهُمۡ عَذَابٌ شَدِيۡدٌ ؕ وَمَكۡرُ اُولٰٓٮِٕكَ هُوَ يَبُوۡرُ ١٠
Ман кана юрӣду-л-ъиззата фа лиллаҳи-л-ъиззату ҷамӣъа. Илайҳи ясъаду-л калиму-т-таййибу ва-л-ъамалу-с-салиҳу ярфаъуҳ. Ва-л-лазӣна ямкуруна-с-саййиати лаҳум ъазабун шадӣд. Ва макру улаика ҳува ябур. 10.
10. Ҳар кӣ арҷмандӣ хоҳад, пас, арҷмандӣ ҳама як ҷо аз они Худост, ба сӯи Ӯ сухани покиза боло меравад ва Худованд амали солеҳро (низ) баланд мегардонад. Ва ононе ки фитнаҳоро меандешанд, барои онҳо азоби сахт аст ва ҳамоно бадандешии онҳо нобуд шавад.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ҳар шахсе, ки мехоҳад дар дунё ва охират иззату шарафу обрӯ дошта бошад, пас, бидонад, ки ҳама иззату ҳурмат назди Худованд аст, аз Ӯ бояд талаб дошт, на аз ғайри Ӯ. Зеро ғайри Ӯ ҳеҷ зоте соҳиби ҳеҷ чиз нест ва ҳеҷ кореро дар ихтиёр надорад. Худованд аст, ки ба ҳар касе бихоҳад, иззат мебахшад. Қатода гуфтааст, ки ҳар касе мехоҳад ба иззату обрӯ бирасад, бояд бо тоъату ибодати Парвардигор чанг зада, худро иззатманд гардонад. Зеро бе имону, бе тоъату ибодат ва бе амали солеҳ иззату обрӯ ёбад ҳам, он муваққатист, ҳамаи он дар ин дунё мемонад ва дар охират барои ӯ ҳеҷ иззате нест. Дар давоми оят омадааст, ки ба сӯи Ӯст (Аллоҳ) боло рафтани калимаи «Тайиба» (сухани хубу покиза) ва амали солеҳе, ки мувофиқи эътиқоди саҳеҳ чи зикр бошад, чи дуъо, чи тасбеҳ ва чи тиловати Қуръону калимоти азон ва умуман ҳар кори муфиду созанда, агар ҳамроҳи имон ва барои ризои Раҳмон анҷом дода шавад, онро боло бурда то рафтани соҳибаш парвариш дода мешавад. Дар ҳадиси шариф омадааст: Ҳар касе мехоҳад дар дунё ва охират азиз бошад, бояд ал-Азизро (яъне, Аллоҳро) итоъат кунад». Амали солеҳ чизест, ки бе он суханони покиза мавриди пазирои Худованд Қарор намегиранд, ҳамин амалҳои солеҳанд, ки суханони покизаро, ки фариштагон онро менависанд, боло мебаранд, Қабул мегардонанд. Дар нуқтаи муқобил, (монанди машварати мушрикони Макка, ки дар маҷлисгоҳ (Доруннадва) алайҳи Расулаллоҳ (с) карданд, ин буд, ки ё ӯ (с)-ро бикушанд ё ӯ (с) ҷилои ватан кунанд), касоне ҳастанд, ки дар дунё бо шеваи макру ҳиллаву фиреб содиркунандаи бадиҳо мешаванд, алайҳи мусалмонҳо макру ҳилаҳо меандешанд, нақшаҳои шумеро мекашанду амалӣ месозанд. Онҳо бояд бидонанд, ки ин макру найранги нопок ва фасодашон доимӣ нест, балки нобудшуданист, азоби ниҳоят шадид барои ин амалашон дар интизори онҳост. Гарчи ин фосиқону муфсидони рӯйи Замин бо ин макру ҳилаи тақаллубияшон бо зулму ситам тавонистанд, барои худ иззату шараф касб кунанд, бояд бидонанд, ки ҳама дар охир барбод хоҳад рафт. (Барои ин, ки маънои калимаи «Азиз» бештар фаҳмида шавад ба сураи «Мунофиқун», ояти 8-ум, ояти 24-уми сураи «Иброҳим», ояти 81-уми сураи «Марям» (а), ва ба ояти 44-уми сураи «Шуъаро» муроҷиъат кунед.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «