Сураи Фотир Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 9

وَاللّٰهُ الَّذِىۡۤ اَرۡسَلَ الرِّيٰحَ فَتُثِيۡرُ سَحَابًا فَسُقۡنٰهُ اِلٰى بَلَدٍ مَّيِّتٍ فَاَحۡيَيۡنَا بِهِ الۡاَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا ؕ كَذٰلِكَ النُّشُوۡرُ ٩

Валлоҳу-л-лази арсала-р-рийаҳа фатусӣру саҳабан фа суқнаҳу ила балади-м маййитин фа аҳйайна биҳи-л-арЗа баъда мавтиҳа. Казалика-н-нушур. 9.

9. Ва Худо он аст, ки бодҳоро фиристод, пас, он бодҳо абрҳоро барангехтанд, пас, ба сӯйи шаҳри мурда абрро равон кардем, пас, бо он абр заминро баъди мурда будани он зинда сохтем. Барангехтани мурдагон ҳамчунин хоҳад буд.

Ояти мазкур фармудааст, ки Худованди шумо Зотест, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро дар ҳаракат дароранд. Сипас, Мо ин абрҳоро бо иродаи Худ ба сӯи сарзаминҳои хушку мурдаи шаҳрҳо меронем, то Қатраҳои борон болои онҳо резаду дар он заминҳо алафу сабзаҳо боз аз сари нав бирӯянд. Худованд бо таври мисол гуфтааст, ки баъд аз марг зинда шудани мурдагон низ ҳамингуна аст. Оре! Ин тадбири Худованди беҳамтост, ки бо низому тартиби ҳисобшуда бо гармии Офтоб обҳои дарё ва уқёнусҳоро бухор мекунаду ба боло мефиристад ва боз Худованд ба бодҳо дастур медиҳад, то ин ки абрҳоро бар «дӯши худ» бардошта, барои зинда сохтани заминҳои ташналаб баранд.

Дар шарҳи мазмуни ояти мазкур Ибни Касир (р) чунин гуфтааст: «Чун Худованд барангехтани мурдагонро ирода кунад, аз зери Арши Худ боронеро фуруд меорад, ки тамоми заминро фаро мегирад. Баъди боридани борон ҷасадҳои мардум мисли донае, ки аз замин неш мезанад, ҳама аз Қабрҳояшон сар мебардоранд».

Дар «саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст: «Ҳама ҷасадҳо баъди мурдан мепӯсанд, магар охири думғозаи инсон. Худованд аз он чун (тухмӣ) инсонро бори дигар зинда мегардонад».

Дар ҳадисе, ки аз Абӯразин ривоят шудааст, омадааст, ки гуфтам: «Ё Расулаллоҳ! Худованд чӣ гуна мурдагонро зинда мегардонад? Оё дар ин дунё ягон нишонае барои ин ҳодиса ҳаст? Расулаллоҳ (с) дар посух гуфтанд: Эй Аборазин! Оё аз сарзамини Қабилаи худ убур накардӣ, дар ҳоле ки хушку мурда буд? Сипас, баъди чанд вақт бори дигар убур кардӣ, дидӣ, ки аз хуррамӣ ва сарсабзӣ гӯё Замин дар ҳаракат аст? Худованд ингуна мурдагонро зинда мекунад». (Қуртубӣ ҷилди VIII-ум шарҳи ояти мавриди назар).


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)