Сураи Фотир Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фотир Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фотир Ояти 16

اِنۡ يَّشَاۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَاۡتِ بِخَلۡقٍ جَدِيۡدٍۚ ١٦

Ий яшаъ юзҳибкум ва яъти би халқин ҷадӣд. 16.

16. Агар хоҳад, шуморо нобуд созад ва офариниши нав биёварад.

Агар шумо дар куфри худ пофишорӣ кунед ва Худо, Пайғамбар, (с) Қуръонро инкор кунед, Худованд Зотест, ки агар хоҳад метавонад шуморо аз рӯйи дунё билкул несту нобуд созад ва дар ивази шумо махлуқеро ба вуҷуд орад, ки имондору дар роҳи ислому шариъати фиристодаи Худовандӣ итоъаткунандаву мустақим бошанд. Ин аст нишонаи ҳоҷатмандии инсон ба сӯи Худованд ва нишонаи раҳмати Парвардигор, ки боз инсонҳоро боқӣ гузоштааст. (Барои маълумоти бештар ба ояти 133-юми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад).

Ояти зер ин муқаддимаро пай мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)