Сураи Фурқон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 6

قُلۡ اَنۡزَلَهُ الَّذِىۡ يَعۡلَمُ السِّرَّ فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ‌ؕ اِنَّهٗ كَانَ غَفُوۡرًا رَّحِيۡمًا ٦

Қул анзалаҳу-л-лазӣ яъламу-с-сирра фи-с-самавати ва-л-арЗ. Иннаҳу кана Ғафура-р-Раҳӣма. 6.

6. Бигӯ: Он (Китоб)-ро Зоте фуруд овардааст, ки он чӣ дар осмонҳо ва дар Замин ниҳон аст, медонад. Ҳаройина, Вай омурзандаву меҳрубон аст.

Худованд дар ин оят айбдоркунии мушриконро посух гуфта, ба Пайғамбари худ Муҳаммади Мустафо (с) фармудааст, ки эй Расули Мо (с), ба он мушрикон бигӯ, ки Қуръон чизе нест, ки инсоне онро эҷод кунад ё касе дигаронро ба ёрии худ бихонаду ҳама бо ҳам чунин китобе эҷод кунанд, ки донишмандони рӯйи оламро дар фасоҳату балоғати (фаҳмогӣ ва пурмаъногӣ)-и худ чунон оҷиз кунад, ки ҳатто як сураеро мисли сураҳои он навишта натавонанд. Қуръон китобест, ки онро Зоте фуруд овардааст, ки Ӯ ҳама сирру розҳои пинҳоне, ки дар осмонҳо ё дар Замин бошанд, медонад. Оё дониши мушрикон ба дониши Худованд баробар аст? Ҳаргиз!

Хулоса, Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст. Онро Зоте нозил кардааст, ки ҳеҷ чиз аз майдони илму назорати Вай пинҳон нест. Вақто ки мушрикон аз мунозира бо Қуръон дармонданд, суханҳои ёваро мегӯянд. Локин Худованд ҳамеша ғафуру раҳим буд ва ҳаст, бо раҳмати Худ пайғамбарон (а) ва китобҳои Худро фиристод ва бо сифати ғафурияш гуноҳҳои беҳисоби бандагони Худро, агар онҳо дар партави имону тавбаву пушаймонӣ боз гарданд, мебахшад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)