Ин як намуди бозии футбол махсус барои одамони маъюб таъсис гардидааст ва шомили барномаи бозиҳои паролимпӣ мебошад. Федератсияи байналмилалӣ барои ин намуди варзиш Ассотсиатсияи байналмилалии барқарорсозии саломатӣ ва варзиш барои беморони фалаҷи серебралӣ (бемории системаи марказии асаб) маҳсуб мегардад.

Қоидаҳои бозии мазкур нисбат ба футбол маҳдуд карда шудаанд: андозаи майдони бозӣ то ҳадде хурд аст, қоидаи офсайд дар он вуҷуд надорад, тӯбро аз канори майдон бо як даст партофтан мумкин аст. Ҳар як нимаи бозӣ 30 дақиқа идома мекунад ва 15 дақиқа танаффус дорад.
Вобаста ба бемории ширкаткунандагон дараҷаи мухталифи бозигарон мавҷуд аст.
Аз соли 1978 оид ба ин намуди футбол бозиҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд. Нахустин мусобиқоти он дар Эдинбург (Шотландия) доир шуд. Аз соли 1984 футболи 7х7 ба рӯйхати намудҳои варзиши паролимпӣ ворид гардид. Ҳамчунин, ҳар чаҳор сол Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи 7х7 баргузор мешавад ва пас аз он дастаҳои беҳтарин ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои паролимпиро мушарраф мегарданд.
Сарчашма: рӯзномаи “Ҷумҳурият” (таҳияи Р. Исматуллоев)


