ҒАМГИН МАШАВ!

5

Ба касе пӯшида нест, ки дунё сар то сар имтиҳону мусибат аст. Имрӯзҳо касеро набинем, “…мушкилӣ дорам…”, “…проблемаҳо бисёр…” – гӯён худро ғамгину маъюс ва дилшикаста месозанд. Тасмим гирифтем, мақолае барои чунин дӯстони ғамгинамон нигошта бошем, то рафъи ғамгинӣ ва дилшикастагии эшон бошад.


Ғамгин машав аз он, ки дирӯз таҷриба кардӣ ва дидӣ фоидае надорад. Фарзандат аз имтиҳон афтид, ғамгин шудӣ? Оё бо ин ғам хӯрданат аз имтиҳон мегузарад? Наздиконат мурданд, бо ғам хӯрдан зинда мешаванд? Дар тиҷорат зарари бузурге дидӣ, бо ғаму андӯҳ метавон фоида ба даст овард?


Ғамгин машав, агар мусибате омад, зеро ғамат боз зиёда мешавад. Агар аз камбағалӣ ғамгин шудӣ, ҳамон андоза камбағалтар мешавӣ.


Ғамгин машав, зеро ба чашмат оби соф ҳам лой менамояд. Гул ба назарат чунин менамояд, ки мисли хоре арзиш надорад ва боғро биёбону ҳаётро зиндон намоиш медиҳад.


Ғамгин машав, ки ту фақир ҳастиву сарвати кам дорӣ, зеро ба ғайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман тиккаи ноне надорад, қарзи зиёд бар гарданаш бору хонаашро фурӯхта бесарпаноҳ аст.


Агар ту маркаб ё мошини гаронбаҳо надорӣ ва аз ин пайваста ғам мехӯрӣ, бидон, ки ба ғайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман пой надорад. Ва ё пой дораду фалаҷ аст, роҳ гашта наметавонад.


Агар туро, боре, бемории каме як лаҳза азият дод, бидон, ки нафаре низ ҳаст, ки як умр аз бистари беморӣ нахестааст.


Агар фарзанди писар надорӣ ва аз ин ғам мехӯрӣ, бидон, ки афроде низ ҳаст, ки дар орзуи нохуни фарзанд як умр зор аст ва умуман фарзанд надорад.


Ғамгин машав, зеро асабҳоят монда мешавад, бадан хаста ва шабҳои бароҳат ба бехобию азият табдил меёбанд.


Ғамгин машав, зеро бо андӯҳ наметавон ақрабаки соати рафтаро ба қафо гардонид, наметавон гардиши фалакро боздошт ва ё маҷрои дарёро ба қафо гардонд.


Ғамгин машав, чунки ғам монанди ҳавои заҳролуд аст, ки ҳавои тозаро вайрон, обҳоро бадбӯ ва осмонро тираву гулҳоро пажмурда месозад.


Ғамгин машав, ки ғам монанди баҳри девона аст. Ин баҳрро дигаргун карда намешавад, аз баҳр ба баҳр мерезад. Ё монанди нависандаи девонаест, ки бо ангуштонаш ба рӯйи сафҳаи об асари худро менависад.


Ғамгин машав, зеро ҳаққи умри ҳақиқии ту хушбахт будан аст ва ин умрро ба ғаму андӯҳ нафақа накун. Шабҳоятро бар андӯҳ издивоҷ мадеҳ, соатҳои умратро ба ғусса тақсим накун, вақтатро бо ин беҳуда ғам хӯрдан исроф масоз. Чунки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.


Ғамгин машав, ки табибони беҳтарин ва доруҳои ноёбтарину нодиртарин низ ғами туро раҳонида наметавонанд. Илло замоне худ бояд ба сӯи хушбахтӣ бидавӣ ва ҳаракат кунӣ. Зеро ту ғамро дар дилат ҷой додаӣ ва онро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорӣ.


Ғамгин машав, зеро ту аз оби зулол менӯшиву аз ҳавои тоза нафас мекашӣ ва бо тани сиҳат роҳ меравӣ. Ту бадбахт нестӣ, ту ҳанӯз хушбахтӣ, ки чунин давлат дорӣ.


Ғамгин машав, вақте гуноҳ содир кардӣ. Зуд тавба гӯй. Бадие кардӣ, истиғфор бигӯй. Хатоие дорӣ, ислоҳ кун. Раҳмати Худо бузург ва дари Ӯ ҳамеша барои тавба боз аст.


Ғамгин машав, зеро дини ҳақ дорӣ, хӯрданию пӯшиданӣ, оилаву фарзанд ва аз ҳама муҳим Худо дорӣ.


Сарчашма: “Ғамгин машав”, Оизи Қарнӣ.

10 сухани илҳомбахш аз китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарнӣ

Мақолаи қаблӣРозҳои доштани умри тӯлонӣ
Мақолаи баъдӣКалонтарин ва хурдтарин алифбо

5 ШАРҲ

  1. Бехтарин суханхо дар ин китоб навиштаанд. Субхоналлох хак аст ин суханхои бузург Алхамдулиллох Аллоху Акбар!

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед