Тафсири Сураи Гофир Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
حمٓ ١
Ҳа, Мӣм. 1.
1. Ҳо, мим (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад).
Сураи “Ғофир” яке аз ҳафт сурае аст, ки бо чунин ҳарфҳо, ки Аллоҳ таъоло ихтиёр намудааст, оғоз меёбад. Ин ҳарфҳо ҳарфҳои муқтаъа (яъне ҳиҷоӣ) буда, ба муъҷиза будани Қуръон далолат намуда, бори дигар ақли инсонро оҷиз мегардонад. Яъне ишора аст ба ин маънӣ, ки ай инсонҳо, бубинед Қуръон аз он ҳарфҳое мураттаб гардидааст, ки мавриди истифодаи шумо Қарор доранд. Агар шумо Қодиред, пас китобе ба мисли он биёред! Локин ин ақида собит аст, ки тамоми инсонҳо ва ҷинҳои рӯи олам ба кумаки ҳамдигар бишитобанду якҷоя саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳанд ҳам, ҳеҷ гоҳ ба навиштани чунин як китоб даст намеёбанд. Баъзе гуфтаанд (Ҳо, мим) номе аз номҳои Аллоҳтаъолост.
Хулоса, ин оят аз ҷумлаи муташобеҳот (сирр) аст. Донистани маъно ва тафсири онро мо аҳли суннати вал ҷамоъат ба Аллоҳ таъоло ҳавола мекунем.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «