Сураи Ғофир Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 54

هُدًى وَّذِكۡرٰى لِاُولِى الۡاَلۡبَابِ ٥٤

Ҳуда-в ва зикро ли улу-л-албаб. 54.

54. Ки барои соҳибони хирад ҳидояткунанда ва панддиҳанда аст.

Оят ба “вов”-и Қасам оғоз ёфтааст. Яъне Қасам ба Аллоҳ, ки ба Мӯсо ибни Имрон китобе додем, ки дар он роҳи ҳидоят, муъҷизаҳо, шариъати ростин ифодаи худро ёфта, ба тамоми масоили вуҷуд доштаи замони худ ҷавобгӯй буд. Касе соҳиби ақлу хирад буд, метавонист аз он нафъ бардорад.

Фазлу марҳамати Илоҳӣ аст, ки барои ҳидояти як Қабилаи кӯчак, ки онро Бани Исроил (сибтиён) гӯянд ҳамчу мерос, то эъломи шариъати баъдӣ, китоби осмониро, ки “Таврот” ном дорад, арзонӣ доштааст. Ин китоб масоили умдаеро аз Қабили Қоидаҳои шариъати Мӯсо (а), роҳи рушду ҳидоят ва дигар манфиъатҳои бузурги замони худро дар бар мегирифт. Он китобе буд, ки мардумро ба сӯйи ҳидоят ҳаракат медод. Таврот ба мисли машъали фурӯзон роҳи саодатро равшан гардонида, мардумро ба сӯйи наҷот раҳнамоӣ мекард. Локин Фиръавну тобеъонаш аз панду насиҳатҳои он нафъе набардоштанд, оқибат ба ҳалокат расиданд. Сибтиёни бохиради Бани Исроил дар тоъати Аллоҳ, дар пайравии расули Ӯ (с) ва дар амал, ба китоби осмонӣ сабр намуданд, молу мулки диёри фиръавниёнро мерос бурда, ҳукму шариъати Аллоҳро дар он диёр ҷорӣ намуданд.

Ояти зер ба Расули Гиромӣ Муҳаммад (с)-ро хитоб намуда, ӯ (с)-ро ба сабр даъват менамояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)