Сураи Ғофир Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 59

اِنَّ السَّاعَةَ لَاٰتِيَةٌ لَّا رَيۡبَ فِيۡهَا وَلٰـكِنَّ اَكۡثَرَ النَّاسِ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ ٥٩

Инна-с-саъата ла атияту-л ла райба фӣҳа ва лакинна аксара-н-наси ла юъминун. 59.

59. Албатта Қиёмат омаданист, дар омадани он шакке нест, валекин аксари мардум бовар намекунанд.

Албатта, дар омадани Қиёмат ҳеҷ шакке нест. Қиёмат омаданист, аммо вақти омадани вай илми ғайб аст. Вақти омадани онро ҷуз Аллоҳ таъоло каси дигар надонад. Ба омадани рӯзи Қиёмат бовар кардану эътиқод доштан ин як рукни имон аст. Бе он наметавон инсонро чун муъмин шинохт. Аммо аксари мардум, ба хоса кофирон ба омадани он рӯз бовар надоранд. Ин аст, ки зинда гардонидан баъд аз миронидану ҷазо ва мукофоти он рӯзро инкор мекунанду мепурсанд, ки кадом инсон зинда шудааст? Инҳо дарк накардаанд, ки ин дунё дори имтиҳон аст. Агар Қуръонро сухани Аллоҳ медонистанд, ҳаргиз инкор намекарданд. Агар мурдае зинда мешуд, пас ин дунёро дори имтиҳон гуфта намешуд ва ҳама имон меоварданд. Ҳол он ки Аллоҳ таъоло Биҳишт ва Дӯзахро халқ намуд ва бо Қасам таъкид намуд, ки Ман ҳардуи шуморо (яъне Биҳишт ва Дузахро) пур хоҳам кард. Ин тақозои ҳикмати Ӯ таъолост ва чуну чаро набояд ҷой дошта бошад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)