Сураи Ғофир Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 60

وَقَالَ رَبُّكُمُ ادۡعُوۡنِىۡۤ اَسۡتَجِبۡ لَـكُمۡؕ اِنَّ الَّذِيۡنَ يَسۡتَكۡبِرُوۡنَ عَنۡ عِبَادَتِىۡ سَيَدۡخُلُوۡنَ جَهَنَّمَ دَاخِرِيۡنَ ٦٠

Ва Қола Раббукумудъуни астаҷиб лакум. Инна-л-лазӣна ястакбируна ъан ъибадатӣ саядхулуна Ҷаҳаннама двхирӣн. 60.

60. Ва Парвардигори шумо мефармояд: «Ба ҷониби Ман дуо кунед, то дуои шуморо Қабул кунам. Ҳаройина, ононе ки аз ибодати Ман такаббурӣ мекунанд, ба зудӣ дар Дӯзах хоршуда дароянд».

Аллоҳ таъоло барои бандагони Худ танҳо ба сӯйи Зоти худ дуъо намуданро дастур дода, худро барои Қабули дуъои онҳо чун кафил муаррифӣ намудааст. Ин, албатта, фазлу карами Аллоҳ таъолост, ки бандагони худро ба дуъо ва ибодат даъват мекунад. Яъне Аллоҳ таъоло мефармояд, ки ҳар талабу дархосте (дуъое) доред, аз Ман талаб кунед. Дуъоҳои шуморо иҷобат намуда, хоҳ дар дунё бошад ва хоҳ дар охират, шуморо ба матлаб мерасонем, ҳамчунин ҳар чӣ пурсед, ба шумо медиҳам.

Аммо онҳое, ки кибр варзида, дуъо намекунанд, яъне рӯза намегиранд, намоз намехонанд, закот намедиҳанд ва ғайра зуд аст, ки баъди мурданашон, гарчи дар Қабр бошанд ҳам, то андозае хору зоранд, ки гӯё дар дохили Дӯзах бошанд.

Хулоса, ҳар кӣ бо дуъо Аллоҳро ёд намекунанд, ӯ аз ҷумлаи мутакаббирон бошад. Боз Аллоҳ таъоло бо оятҳои зер Қудрату ваҳдонияти Худро зикр намуда, ба мо бори дигар ҳушдор медиҳад, ки танҳо ва танҳо ба сӯйи Аллоҳи ягона бояд ибодату шукр намуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)