Тафсири Сураи Хадид Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид Ояти 14
يُنَادُوۡنَهُمۡ اَلَمۡ نَكُنۡ مَّعَكُمۡؕ قَالُوۡا بَلٰى وَلٰـكِنَّكُمۡ فَتَنۡتُمۡ اَنۡفُسَكُمۡ وَ تَرَبَّصۡتُمۡ وَارۡتَبۡتُمۡ وَغَرَّتۡكُمُ الۡاَمَانِىُّ حَتّٰى جَآءَ اَمۡرُ اللّٰهِ وَ غَرَّكُمۡ بِاللّٰهِ الۡغَرُوۡرُ ١٤
Юнадунаҳум алам наку-м маъакум қолу бала ва лакиннакум фатантум анфусакум ва тараббастум вартабтум ва ғарраткуму-л-аманийю ҳатта ҷаа амруллоҳи ва ғарракум биллаҳи-л-ғарур. 14.
14. Нидо кунанд мунофиқон мусалмононро: «Оё мо (дар дунё) ҳамроҳи шумо набудем?». Гӯянд: «Оре, валекин шумо нафсҳои худро дар бало андохтед ва (барои мусалмонон) интизори ҳодисаҳои нохуш будед ва дар (кори мусалмонҳо) шакку шубҳа кардед ва шуморо орзуҳо фирефта карданд, то он ки ҳукми Аллоҳ расид ва шайтони фиребанда шуморо ба (карами) Аллоҳ фиреб дод!
Дар ҳақиқат муъминону мунофиқон дар дунё бо ҳам мезистанд, локин девори эътиқод онҳоро аз ҳам ҷудо месохт. Вақто ки ин ду гурӯҳро дар охират деворе аз ҳам низ ҷудо месозад, мунофиқон нидо мекунанд, ки эй фалонӣ! Оё дар дунё мо бо ҳам як ҷо набудем?. Муъминҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки бале, шумо дар зоҳир бо мо будед, аммо дар ботин нифоқ доштед, бо забон даъвои мусалмонӣ намуда, дар асл аз он нафси худро фиреб медодаед, акнун онро ҳалок сохтед. Ҷои он ки ба худ меомадеду тавба менамудед, ба муъминону мусалмонон расидани офатеро интизорӣ мекашидед. Умедвор будед, ки ҳеҷ гоҳ барои рафтори мунофиқонаатон шумо ҷазо нахоҳед гирифт. Орзу доштед, ки раҳмати Аллоҳ таъоло зиёд аст, шуморо мебахшад, акнун мебинед, ки фиреб хӯрдаед. Ҳатто дар дил андеша доштед ин валвалаи Ислом рӯзе хомӯш хоҳад гашт ва пирӯзӣ насибатон мегардад. Масти ин хаёлоти бепояи хеш гардида, мағрур шудед. Шайтони лаъин ҳам, ҳамеша шуморо фиреб дод, ки Аллоҳ таъоло шуморо азоб нахоҳад кард. Имрӯз мебинед, ки маъвои шумо Дӯзах аст. Вой бар шумо, ай тоифаи дурӯя!.
Мунофиқон ҳамеша мавқеъеро интихоб менамуданд, ки зоҳирашон хилофи ботинашон буд. Масалан, онҳо ҳаргиз ба тамоми ҳастӣ ба Ислом нагаравида буданд. Андеша доштанд, ки агар ба тамом ба мусалмонон пайванданд, мабодо Ислом ба шикаст дучор гардад, ҳолашон табоҳ хоҳад гашт ва агар ба куллӣ аз мусалмонон ҷудо гарданд, рафту Ислом пирӯз шавад, барояшон гарон хоҳад афтод. Имони онҳо заъиф буда, ҳамеша онро чун сипар истифода мекарданд. Шайтони «дағо» ҳамеша мунофиқонро фиреб дода, васваса ва дилпур менамояд, ки бо содир кардани ин намуд гуноҳ ғамгин нашаванд, зеро Аллоҳ таъоло онҳоро афв хоҳад кард.
Адибе гуфтааст.
Бар забонаш ё самад ҷориву дар дил ё санам,
Эй ба ботин кофиру зоҳир мусалмонӣ чӣ суд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «