Тафсири Сураи Хач Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 22
كُلَّمَا أَرَادُوا أَنْ يَخْرُجُوا مِنْهَا مِنْ غَمٍّ أُعِيدُوا فِيهَا وَذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ ٢٢
Куллама ароду ан яхруҷу минҳа мин ғаммин уъӣду фӣҳа ва зуқу ъазаба-л-ҳарӣқ. 22.
22. Ҳар гоҳе хоҳанд аз Дӯзах бароянд, (то аз андӯҳ халос шаванд) ба он ҷо гардонида шаванд ва (ба онҳо гуфта шавад) «Бичашед азоби сӯзонро!».
Аз оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки чун кофирон гирифтори азоби шадиди Дӯзах ва ғаму андӯҳи бузург мешаванд, мехоҳанд ба ҷое гурезанд, лек ҳайҳот, онҳо боз ба ҷои худ гардонида мешаванд. Шӯълаҳои оташ онҳоро боло мебарад, онгоҳ фариштагон бо гурзҳои оҳанин бар сарашон фурӯ кӯфта, онҳоро ба қаъри Ҷаҳаннам поён мефиристад ва ба онҳо гуфта мешавад, ки азоби сӯзони Дӯзахро бичашед. Зеро онро дар дунё мешунидед, вале дурӯғ меҳисобидед.
То ин ҷо дар оятҳои қаблӣ Худованд барои кофирон азоби Дӯзахеро, ки барои онҳо омода намудааст, баён намуд. Дар оятҳои баъдӣ подош ва неъматҳоеро ки Худованд барои муъминон муҳайё намудааст, хотирнишон месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «