Тафсири Сураи Хач Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 25
إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ الَّذِي جَعَلْنَاهُ لِلنَّاسِ سَوَاءً الْعَاكِفُ فِيهِ وَالْبَادِ ۚ وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ ٢٥
Инна-л-лазӣна кафару ва ясуддуна ъан сабӣлиллаҳи ва-л-Масҷиди-л ҳароми-л-лазӣ ҷаъалнаҳу ли-н-наси саваани-л ъакифу фӣҳи ва-л-бад. Ва ма-н юрид фӣҳи би илҳадин бизулмин-н-нузиқҳу мин ъазабин алӣм. 25.
25. Ҳаройина, ононе ки кофир шуданд ва аз роҳи Худо ва аз Масҷиду-л-ҳаром, ки онро барои мардум чи муқиму чи саҳронишин, яксон пайдо кардаем, бозмедоранд ва ҳар кӣ он ҷо каҷравӣ хоҳад ва ситамгорӣ кунад, ӯро аз азоби дарддиҳанда бичашонем.
Сабаби нузули ин оятро бо ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар бораи Абӯ Суфён ибни Ҳарб ва ёрони вай донистаанд, ки Расули Худо ва саҳобагонашро дар соли сулҳи Ҳудайбия (соли 6-уми ҳиҷрӣ) аз ворид шудан ба Масҷиду-л-ҳаром барои адои Умра боз дошта буданд.
Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки яке аз хусусиятҳои душмании кофирон дар ояти мазкур баён гардида, Худованд гуфтааст, ки бешак, онҳо аз Ислом дур ҳастанду кофир шуданд, дар гумроҳии худ пофишорӣ мекунанд, мардумро аз Ислом боз медоранд ва мусулмононро барои адои ҳаҷ аз дохил шудан ба Масҷиду-л-ҳаром боз медоранд. Ҳол он ки ҳуқуқи истифодабарии Масҷиду-л-ҳаром ва дигар қисматҳои ҳарам барои ҳамаи мусулмонон, хоҳ муқимӣ бошанд ва хоҳ аз берун омада, яксон аст. (Масҷиду-л-ҳаром ва қисмате аз ҳарам, монанди майдони назди кӯҳи Сафо ва Марва, ки дар он саъй анҷом мепазирад, майдони Мино, Арафот ва Муздалифа барои умуми мусулмонони ҷаҳон вақф аст, ҳеҷ гоҳ дар моликияти шахсии касе дохил нашудаанд ва наметавонанд дохил шаванд).
Дар давоми оят Худованд ҷазои онҳоро зикр карда гуфтааст, ки ҳар касе дар Масҷиду-л-ҳаром (Замини Ҳарам) каҷравӣ кунад, кори берун аз дин анҷом диҳад, масалан, мардумро аз дохилшавӣ ба Ҳарам боз дорад ё кори дигаре бар хилофи дин ба анҷом диҳад, ба ӯ азоби дардноке чашонида мешавад. Ба хосса агар он амал ба зулм (ширк) омехта бошад.
Муҷоҳид (соҳиби тафсир) фармудааст: “Чуноне ки дар Ҳарам савоби некӣ изофа мешавад, азоби гуноҳ ҳам хеле изофа хоҳад буд.” Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «