Тафсири Сураи Хач Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 50
فَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ ٥٠
Фа-л-лазӣна оману ва ъамилу-с-солиҳати лаҳум-м мағфирату-в ва ризқун карӣм. 50.
50. Пас, ононе, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, онҳорост омурзиш ва рӯзии нек.
Дар ояти мазкур Худованд ба муъминон мужда мерасонад, ки муъминони содиқе, ки имон ва амали солеҳ (нек)-ро бо ҳам ҷамъ кардаанд, дар назди Худои худ гуноҳҳояшон бахшида мешавад ва дар Биҳишт рӯзии неку фаровон насиби онҳост.
Баъзе амалҳои солеҳ (нек) инҳоанд: имон овардан, намоз хондан, рӯзаи моҳи рамазонро доштан, агар бой бошад, закот додан, ҳаҷ кардан, падару модар, устод, падар ва модари шавҳар (зан)ро ҳурмат кардан, илм омӯхтан, ростқавл будан, ба ҳаққи мардум таҷовуз накардан, дар муомилоти молӣ хиёнат накардан, аз худ бузургонро ҳурмат намудан, ба хурдсолон раҳм кардан, аз гуноҳҳои бузург (кабира) дурӣ ҷустан, бо мардум хушгуфтору хушрафтор будан, ба мардум ва ҳамсоягон некӣ кардан. Хулоса, иҷрои он корҳое, ки шариъати Ислом онҳоро лозим донистааст, амали солеҳ ҳисобида шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «