Шеър дар васфи ПАДАР

0

Якчанд шеърхо дар бораи ПАДАР, шеър дар бораи Падар, Падарчон шеърхо >>

ПАДАРҶОН

Чӣ маҳбубӣ, чӣ ҷононӣ, падарҷон!
Гулӣ, ишқӣ, дилӣ, ҷонӣ, падарҷон.
Ба чашми ман зи ҳар чизе ки гӯянд:
-Чӣ хуб аст ин! –беҳ аз они, падарҷон.

Шафиқу дилпазиру меҳрубонӣ,
Рафиқи некмардонӣ, падарҷон.
Дар ин даврони торикӣ ба дунё
Ту чун шамъи фурӯзонӣ, падарҷон.

Ҳабиби мардуми аз по фитода,
Табиби дардмандонӣ, падарҷон.
Ба ҳар ҷое ғарибе, мустамандест,
Ту ҳозир баҳри эҳсонӣ, падарҷон.

Ту садҳо шаҳр аз ман дуру доим
Бари чашмам намоёнӣ, падарҷон.
Бувад зоҳир аз ин шодӣ, ки дорам,
Ки дар рӯҳам ту пинҳонӣ, падарҷон.

Навиштӣ рӯзу шаб дар фурқати ман,
Зи чашмон гавҳарафшонӣ, падарҷон.
Ту донӣ, умри ин дунё ду рӯз аст,
Чаро дигар парешонӣ, падарҷон.

Ба мардум хидмат афзунтар кун, ин ранҷ
Намеорад пушаймонӣ, падарҷон.
Ватанхоҳию мардумдӯстиро
Зи ту омӯхтам, дони падарҷон.

Бидуни чун ту мардоне муҳаққақ,
Ҷаҳон фонӣ шавад, фонӣ, падарҷон.
Ба ҳар ҷое ғарибе, мустамандест,
Ту ҳозир баҳри эҳсонӣ, падарҷон.

Абулқосим Лоҳутӣ


Мақолаи қаблӣФактхои чолиби Точикистон аз Стофактов.рф
Мақолаи баъдӣЧаро кудак дуруг мегуяд? Пешгири аз дуруг гуфтани кудакон