Тафсири Сураи Хач Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 77
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ارْكَعُوا وَاسْجُدُوا وَاعْبُدُوا رَبَّكُمْ وَافْعَلُوا الْخَيْرَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ۩ ٧٧
Йа айюҳа-л-лазӣна омануркаъу васҷуду ваъбуду Раббакум вафъалу-л-хайра лаъаллакум туфлиҳун. 77.
77. Эй муъминон, рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигори худро ибодат кунед ва корҳои некӯ бикунед, умед аст, ки растагор шавед.
Муфассирон гуфтаанд: “Баъди хондани ояти 18-уми ҳамин сура, ки қаблан гузашт, бо иттифоқи ҳамаи имомон як саҷда воҷиб аст.” Аммо дар бораи воҷиб будани саҷдаи тиловат баъди хондани ояти 77-ум онҳо бо ҳам ихтилофи назар доранд. Назди Имом Аъзам, Имом Молик ва Суфёни Саврӣ баъди хонандаи ин оят саҷдаи тиловат воҷиб нест, зеро зикри саҷда дар ин ҷо бо рукӯъ ҳамроҳ омада аст, мурод аз он намоз аст. Назди Имом Шофеъӣ, Имом Аҳмади Ҳанбал ва ғайра дар ин оят ҳам мисли ояти 18-ум саҷдаи тиловат лозим аст.
Бо назардошти гуфтаҳои муфассирон, валлоҳу аълам, маънои оят чунин аст: “Эй касон (муъминон)-е, ки имон овардаед, намозеро, ки Худованд барои шумо амр карда аст, барпо бидоред, инчунин тамоми ибодатҳоеро, ки барои шумо Худованд амр кардааст баҷо оред ва корҳои нек (хайр)-ро анҷом диҳед. Бо итифоқи тамоми имомҳо беҳтарини амалҳои нек, иҷрои фарзҳо, воҷибҳо ва суннатҳост, баъд нафлҳо ва баъд риояи одобу ахлоқи исломӣ. Мисли хондани намозҳои нафл (таҳаҷҷуд ва ғайра), рафтуомад бо хешовандон, нафъ расонидан ба мардум ва… Ин амалҳо инсонро ба Худо наздик мекунанд. Умед аст, ки рӯзи қиёмат ба воситаи амалҳои некатон шомили раҳмат ва ризои Аллоҳ таъоло қарор гиред ва аз неъматҳои охират баҳравар шавед.
Парвардигоро, бо лутфу карамат ҳамаи муъминони бо амалро ва дар қатори онҳо мо бандагони ғарқи гуноҳу осиятро аз неъматҳои охират баҳравар гардон! Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «